Октябр 15, 2023 17:32 Asia/Dushanbe
  • Таҳлил: Таъкиди Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ бар лузуми ҳимоят аз мардуми Фаластин
    Таҳлил: Таъкиди Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ бар лузуми ҳимоят аз мардуми Фаластин

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ рузи шанбе дар дидори шайх Иброҳими Закзоки раҳбари ҷумбиши исломии Нигерия ва ҳамсари вай, бо ишора ба шароити Фаластини ишғолӣ ва ба вижа Ғазза гуфтанд: Имрӯз яке аз мазоҳири қудрати исломӣ ҳамин масоиле аст, ки дар Фаластин дар ҳоли руӣ доданаст.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ бо баёни ин, ки қазоёи рузҳои ахири Фаластин ба вижаи бомбборонҳо ва шаҳодати занону кудакон ва мардон дили инсонро маҷрӯҳ мекунад хотир нишон карданд: Ҳама дар дунёи ислом вазифа доранд ба мардуми Фаластин кумак кунанд. Баёноти Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар бораи таҳаввулоти кунунии Фаластин дар шароитӣ аст, ки пас аз амалиёти муваффақ ва беназири муборизони фаластинӣ, ки шикасти бузурги иттилоотӣ ва низомиро барои режими ишғолгари Қудс рақам зад ин режим мардуми ғайри низомии навори Ғаззаро омоҷи ҳамалоти ҳавоӣ қарор дода ва то кунун ҳазорон нафар аз фаластиниёнро шаҳид ва ё захмӣ кардааст, бар ҳамин асос зарурати ҳимояти кишварҳои исломӣ ва ҳамаи уммати ислом аз мардум ва ормони Фаластин беш аз гузашта аҳамият ёфтааст. Бетардид  мавзӯъи ваҳдати исломи яке аз муҳимтарин тавсияҳои Паёмбари Ислом(с) аиммаи маъсумин(а) ва низ аз авлавиятҳои раҳбарони динӣ аст чаро, ки ҳамвора душманони Ислом бо истифода аз ҳарбаҳои тафриқаомез ва ҷанги дар садади тазъифи мусулмонон будаанд, бинобарин пуштибонӣ аз ҳуқуқи мусаллами мардуми ситамдида ва овораи Фаластин ба унвони масъалаи нахусти ҷаҳони ислом ва ҳимояти ҳамаи ҷониба аз онон барои берун рондани мутаҷовизони саҳюнист аз саросари Фаластин аз равшантарин масодиқи масъулияти динӣ ва миллӣ маҳсуб мешавад, ки бар уҳдаи ҳама мусулмонон аст.

Режими саҳюнистӣ ва ҳомиёни он аз ҷумлаи Амрико, ки аз даҳҳо соли гузашта ҳуқуқи машрӯъи миллати Фаластинро нодида гирифтаанд ва ба зулму ҷиноёти худ идома додаанд акнун ба баҳонаи амалиёти гуруҳҳои фаластинӣ ки ношӣ аз тадовуми ҳамин зулм ва ҷиноёт будааст хоҳони ташдиди куштори мардуми Фаластин ва афзоиши муҳосираи мардуми навори Ғазза шудаанд ба ҳамин далел имрӯз мардуми Фаластин ба ҳимояти ҷаҳонӣ ба вижаи уммат ислом ниёзманданд то барои озодсозии сарзамини худ аз дасти ишғолгарони саҳюнист ба муқовимат дар баробари мутаҷовизон идома диҳанд бинобарин ҳар гуна бетафовутӣ дар ин бора аз суӣ кишварҳои исломӣ наметавонад қобил тавҷеҳ бошад ба вижаи ин, ки фаластиниён бо баҳрагирӣ аз омузаҳои ислом собит кардаанд, ки акнун бо вуҷуди ҳамаи фишорҳо бо ангезаи қавитар бо ишғолгарони саҳюнист ва тавсеаталабии онҳо мубориза хоҳанд кард. 

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ низ қудрати рӯзафзуни ислом дар ҷаҳон ба рағми тавтеъаҳои густардаро натиҷаи муҷоҳидатҳо донистанд ва дар бораи қазоёи рӯзҳои ахир Фаластин гуфтанд: Ин қазоёи нишондиҳандаи қудрати боварнакардании ислом дар Фаластин аст ва бо лутфу инояти Худованди Мутаъол ин ҳаракате, ки дар Фаластини оғоз шудааст ба пеш хоҳад рафт ва мунҷар ба пирузии комили фаластиниҳо хоҳад шуд.

Барчасп