Поёни сафари минтақаии вазири умури хориҷаи Эрон ба минтақа
(last modified Sun, 15 Oct 2023 14:13:23 GMT )
Октябр 15, 2023 19:13 Asia/Dushanbe
  • Поёни сафари минтақаии вазири умури хориҷаи Эрон ба минтақа

Вазири умури хориҷаи Эрон бо поёни сафари минтақаии худ, Давҳаро ба мақсади Теҳрон тарк кард.

Ҳусайн Амирабдуллоҳиён, вазири умури хориҷаи Эрон, бо поён ёфтан дидорҳои минтақаии худ имрӯз (якшанбе) Давҳа, пойтахти Қатарро ба мақсади Теҳрон тарк кард.

Меҳвари сафари минтақаии вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон, ба чаҳор кишвари минтақа табодули назар ҷиҳати муқобила бо ҷиноёти режими саҳюнистӣ ва бомбаборони мардуми мазлӯми Ғазза буд.

Ба гузориши ИРНА, вазири умури хориҷаи Эрон, ки дар Қатар ҳузур дошт бо амири Қатар, нахуствазиру вазири умури хориҷа ва ҳамчунин раиси дафтари сиёсии Ҷумбиши муқовимати исломии Фаластин (Ҳамос) дар Давҳа дидор кард.

Вай сипас ба Лубнон рафт ва бо мақомоти ин кишвар, аз ҷумла Саидҳасан Насруллоҳ, дабири кулли Ҳизбулоҳи Лубнон дидор кард.

Амирабдуллоҳиён  пас аз ин дидорҳо ба Лубнон бозгашт ва ба суолоти расонаҳои хориҷӣ дар хусӯси мавозеъи муқовимат дар иртибот бо масъалаи Фаластин, амалиёти Тӯфони Ал Ақсо ва ҷиноёти режими саҳюнистӣ посух дод.