Амирабдуллоҳиён: Куштори Ғазза мутаваққиф нашавад дасти ҳамаи тарафҳо руи моша аст
-
Аамирабдуллоҳён: Куштори Ғазза мутаваққиф нашавад дасти ҳамаи тарафҳо руӣ моша аст
Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон таъкид кард: Агар таҷовузот ва куштори занон ва кудакон дар Ғазза фавран мутаваққиф нашавад дасти ҳамаи тарафҳо дар минтақа руӣ моша аст.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симо вазири умури хориҷаи Эрон бо ишора ба сафар ба чаҳор кишвари Ироқ, Лубнон, Сурия ва Қатар гуфт: Муқовимати фаластин бар ин таъкид дошт, ки аз имконоти лозим барои посухгуи ба ҷиноёти ҷангии режими саҳюнистӣ бархурдор аст, аммо режими саҳюнистӣ ба хотири заъфе ки дар майдони ҷанг дорад бар куштори занон, кудакон ва ғайринизомиёни мутамарказ шуда аст.
Амирабдуллоҳёни афзуд: Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ростои дифо аз ҳуқуқи мардуми Фаластин амнияти минтақа ва маҳкум кардани ҷиноёти ҷангии режими саҳюнистӣ ҳузури фаъол дар сатҳи вазири хориҷа дар нишасти созмони ҳамкории исломӣ хоҳад дошт.
Вазири умури хориҷаи Эрон ҳамчунин гуфт: Вазъияти минтақа мисли борути аст ки ҳар соъати имкони як инфиҷори маҳиб вуҷуд дорад ва кантрол аз дасти ҳамаи тарафҳо хориҷ хоҳад шуд.