Октябр 19, 2023 10:55 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши омори шаҳидони Ғазза ба 3478у маҷрӯҳон ба 12065 нафар расид
    Афзоиши омори шаҳидони Ғазза ба 3478у маҷрӯҳон ба 12065 нафар расид

Сухангӯи Вазорати беҳдошти Фаластин эълом кард, дар натиҷаи ҳамалоти ваҳшиёнаи артиши режими саҳюнистӣ ба Навори Ғаззаи 3478 фаластинӣ ба шаҳодат расидаанд ва 12065 нафари дигар низ захмӣ шудаанд.

Дар рӯзҳои ахир режими саҳюнистӣ дар вокуниш ба шикасти муфтазаҳонаи низомӣ,  амниятӣ ва  иттилоотии баробари муқовимати Фаластин дар амалиёти Тӯфони Алақсо,  бо истифода аз бомбҳо ва  мӯшакҳои бисёр қавӣ ва  пешрафта,  зерсохтҳои маскунӣ ва  ҳаётии Навори Ғаззаро омоҷи ҳамалоти ваҳшиёнаи худ қарор додааст.

Ба гузориши Ал-Масира,  Сухангӯи  Вазорати беҳдошти Фаластин аз шаҳодати 3478 фаластинӣ ва  захмӣ шудан 12065 нафари дигар дар натиҷаи ҳамалоти дадманишонаи артиши режими саҳюнистӣ ба Ғазза хабар дод.

Алқадера тасреҳ кард : Теъдоди қурбониёни қатли оми бузурге, ки душмани ҷинояткор дар бемористони Ал-Маъмадонӣ анҷом дод ба 471 шаҳид ва 314 захмӣ расидааст. Ҳоли 28 захмӣ низ вахим гузориш шудааст.

Сухангӯи Вазорати беҳдошти Фаластин таъкид кард : 70 дарсад аз қурбониёни таҷовузи Исроил ба Ғаззаро кӯдакон, бонувон ва  афроди солманд ташкил медиҳанд. Дар ин ҷиноёти 433 хонавода мавриди ҳуҷуми қарор гирифтаанд, ки танҳо пайкари 2421 нафар аз шуҳадои ин хонаводаҳо дар дастрас буда ва садҳо нафар аз онон ҳамчунон зери овор ҳастанд.

Вай  афзуд : Вазорати беҳдошт 1300 паём дар мавриди афроде, ки зери овор монда анд дарёфт карда, ки 600 мавриди он марбут ба кӯдакон буда аст. Интизор дорем, ки бархе афроди зуриовор монда  зинда бошанд,аммо ба далели тадовуми бомбаборон ва  камбуди имконот дастёбӣ ба ин афрод душвор аст.

Сухангӯи Вазорати беҳдошти Фаластин дар Ғазза ҳушдор дод, ки пас аз вуруди бемористонҳо ба марҳалаи фурӯпошии амалӣ, соъоти пеши рӯ дар раванди ироаи хадамоти беҳдоштӣ ба беморон ва захмиҳо дар оянда ба шиддат таъсиргузор хоҳад буд.

Режими саҳюнистӣ шаби гузаштаи бемористони Ал-Маъмадониро, ки чаҳор ҳазор нафар аз ҷумлаи беморон ва  пизишкон ва ҳазорон овораи фаластиниро дар худ ҷой дода буд, ҳадаф қарор дод.