Эрон ва Қирғизистон барои эҷоди дафтари сармоягузории муштарак тафоҳумнома имзо карданд
(last modified Sat, 21 Oct 2023 14:50:44 GMT )
Октябр 21, 2023 19:50 Asia/Dushanbe
  • Эрон ва Қирғизистон барои эҷоди дафтари сармоягузории муштарак тафоҳумнома имзо карданд

Эрону Қирғизистон тафоҳумномаи эҷоди дафтари сармоягузории муштарак бо ҳадафи тавсеаи мубодилоти тиҷорӣ ва ҳамкориҳои зерсохтӣ имзо карданд.

Ба гузориши ИРНА, тафоҳумномаи эҷоди дафтари сармоягузории муштарак бо ҳадафи тавсеаи мубодилоти тиҷорӣ ва ҳамкориҳои зерсохтӣ пас аз сездаҳумин нишасти Камиссиюни миёндавлатии Қирғизистону Эрон дар заминаи ҳамкориҳои тиҷорӣ, иқтисодӣ, илмӣ, фаннӣ ва фарҳангӣ байни ду кишвар ба имзо расид.

Сездаҳумин нишасти Комиссиюни миёндавлатии Қирғизистону Эрон ба раёсати Донёр Амонгелдиев, вазири иқтисод ва бозаргонии Қирғизистон ва Маҳммадалии Некбахт, вазири кишоварзии Эрон баргузор шуд.

Амонгелдиев бо ишора ба собиқаи деринаи дӯстӣ ва ҳамкорӣ миёни Қирғизистону Эрон аз тарафи эронӣ хост барои эҷоди ширкатҳои муштараки Қирғизистону Эрон дар хоки Қирғизистон ҳамкорӣ кунад.

Вай таъкид кард, кишвараши потансиали қобили таваҷҷӯҳе барои тавсеаи бештари равобити тиҷорӣ ва иқтисодӣ, сармоягузорӣ, мубодилоти фарҳангӣ ва ҳамкориҳои илмӣ бо Ҷумҳурии Исломии Эрон дорад.

Нишасти ҳамандешии кишоварзӣ, тиҷорӣ ва иқтисодии Эрон - Қирғизистон рӯзи гузашта дар Бишкек, пойтахти Қирғизистон оғоз ва ҳамзамон бо дидори вазири ҷиҳоди кишоварзӣ ва мақомоти олии Қирғизистон, нишасти ҳамандешии фаъолони иқтисодии ду кишвар барои баррасии масоилу мавзуоти дуҷониба ва густариши равобити иқтисодӣ, кишоварзӣ ва тиҷорӣ дар маркази Қирғизистон низ баргузор шуд.