Режаи корвони варзишии Эрон дар бозиҳои параосиёии Ҳангжоу
(last modified Mon, 23 Oct 2023 05:45:43 GMT )
Октябр 23, 2023 10:45 Asia/Dushanbe
  • \
    \"Имон, Эрон, ифтихор\"

Корвони варзишии Эрон дар маросими ифтитоҳияи бозиҳои параосиёии Ҳангжоуи Чин режа рафтанд.

Маросими ифтитоҳияи чаҳорумин давраи бозиҳои параосиёии Ҳангжоуи Чин рӯзи якшанбе баргузор шуд.

Ба гузориши бошгоҳи Хабарнигорони Ҷавон, ин маросим дар майдони маркази варзишии олимпии Ҳангжоу бо номи мустаъори “Нилуфари бузург” баргузор шуд. Ин майдон дар фосилаи чаҳор километрии Деҳкадаи Варзишкорон қарор дорад.

Билофосила пас аз оғози маросим режаи кишварҳо оғоз шуду корвони Афғонистон ба унвони аввалин кишвар режа рафт.

Корвони Эрон бо номи "Фарзандони Эрон" дар ин давра аз бозиҳо ҳузур дорад ва дар маросими ифтитоҳия режа рафт.

Шиори корвони варзишии Эрон "Имон, Эрон, ифтихор" аст.

Сора Ҷавонмардӣ, миллипӯши паратирандозӣ парчамдори корвони Эрон буд, ки бо дар даст доштани парчами Эрон пештар аз соири варзишкоронқадам мезад.

Корвони варзишии Эрон бо 210 варзишкор дар 16 ришта дар бахши мардон ва 14 риштаи варзишии бахши занон, дар чаҳорумин давра аз бозиҳои осиёӣ ширкат кардааст.