Як офрудсавории ҷаззоби эронӣ; гузориши тасвирӣ
Порс тудей - Мусобиқоти офруд (Off-Road), ки ба он бероҳанавардӣ ё биёбоннавардӣ ҳам мегӯянд, гунае аз мусобиқоти автомобилронӣ ё моторсаворӣ аст, ки дар замиҳои табиӣ ва ғайритабиӣ баргузор мешавад.
Дар мусобиқоти офруд маъмулан аз мошинҳои баланд ё моторсиклати офруд истифода мешавад. Эрон ба лиҳози доро будани потансиалҳои фаровон дар заминаи табиатгардӣ ва низ доро будани иқлимҳои мутафовит монанди кавир, ҷангалу кӯҳистон бистари муносиберо барои баргузории мусобиқоти офруд дар ихтиёри алоқамандон қарор додааст.
Дар ин матлаб аз Порс тудей, тасовире аз ин мусобиқот дар Эронро мебинед:
Маъмулан ин мусобиқот дар масирҳои хокӣ, гилӣ, сахраӣ ва ноҳамвори шинӣ ва кавирӣ баргузор мешавад - акс:ЭЛНО
Чанде пеш ҳайати варзишҳои донишгоҳии Эрон бо ҳамкории ҳайати моторсаворӣ ва автомобилронии устони Албурз, як ҷашнвораи варзишии фарҳангӣ бо истифода аз худравҳои классик, тюнинг, офруд ва моторсиклетро дар донишгоҳи Хоразмии Караҷ баргузор кард.
Тими офруди Эрон борҳо дар мусобиқоти чандҷониба ва байналмилалӣ ширкат кардааст.
Зоҳида Искандарлу тавонист дар аввалин давраи мусобиқоти офруди кишвар, мақоми қаҳрамониро ба даст оварад. Аввалин давраи мусобиқоти офруди қаҳрамонии Эрон дар Девондарраи устони Курдистон баргузор шуд.