Октябр 23, 2023 13:49 Asia/Dushanbe
  • Тими “Истиқлол” -и Тоҷикистон ба масофи футболистҳои “Персполис” -и Эрон меравад
    Тими “Истиқлол” -и Тоҷикистон ба масофи футболистҳои “Персполис” -и Эрон меравад

Тими “Истиқлол” -и шаҳри Душанбе дар даври сеюми мусобиқоти марҳилаи гуруҳии Лигаи қаҳрамонони Осиё ба масофи футболистҳои “Персполис” -и Эрон меравад.

Футболистҳои тими "Истиқлол" –и Душанбе барои бозӣ бо тими "Персполис" ба Эрон сафар карданд.

Дидори ин ду тим рӯзи сешанбе, 24 октябр дар Теҳрон баргузор мешавад.

Довари ин дидор Муҳаммадқосим Сароӣ аз Ироқ хоҳад буд.

Дидори қаблии «Истиқлол» -и Тоҷикистон муқобили тими “Аннаср” - и Арабистон буд, ки бо натиҷаи 3 бар 1 ба суди футболистҳои араб ба поён расид.

Танҳо голи тими “Истиқлол” - ро Сенин Себай дар дақиқаи 44 ба самар расонд.

 

Барчасп