Октябр 23, 2023 15:24 Asia/Dushanbe
  • Тими миллии футболи духтарони навниҳоли Эрон
    Тими миллии футболи духтарони навниҳоли Эрон

Тими миллии футболи духтарони навниҳоли Эрон, ки қаҳрамонии мусобиқоти футболи зери 14 соли КАФА – 2023 ба мизбонии Тоҷикистонро ба даст овард, меҳмони сафири Эрон дар ин кишвар шуд.

Ба гузориши “Форс”, тими миллии футболи духтарони навниҳоли Эрон, ки ба мақоми қаҳрамонии мусобиқоти футболи зери 14 соли КАФА – 2023 ба мизбонии Тоҷикистон расид, мавриди ситоиши Алиризо Ҳақиқиён, сафири Ҷумҳурии исломии Эрон дар ин кишвар қарор гирифт.

Дар ин маросим, ки дар Сафорати Эрон дар Душанбе баргузор шуд, Ҳақиқиён тайи суханоне қаҳрамонии ин фарзандони азизи Эрон дар мусобиқоти футболи зери 14 соли КАФА - ро ба бозикунон, мураббиён ва дигар авомили ин тим табрик гуфт.

Сафири Эрон дар идома аз шуҳадои Ғазза ёд карду изҳор дошт: Муттаассифона, ин рӯзҳо шоҳиди афзоиши ҷиноёти ҷангии режими саҳюнистӣ бо ҳимояти кишварҳои ғарбӣ ва дар раъси онҳо Амрико ҳастем. Бар асари ин ҷиноёт то кунун теъдоди зиёде аз мардуми ғайринизомии Фаластин, ба вижа занону кӯдакон ба шаҳодат расидаанд. Ин мизони ваҳшигарӣ бетардид нишонаи оғози раванди нобудии ин режими кӯдаккуш аст.

 

Барчасп