Табрики солрӯзи вилодати имом Ҳасани Аскарӣ (а)
Рӯзи сешанбе ҳаштуми рабеъ-ул-аввали 1445 баробар бо 24 октябри 2023 солрӯзи милоди имом Ҳасани Аскарӣ (а), набераи Паёмбари Акрам (с) башоратдиҳандаи мунҷии мавъӯд (а) аст.
Мардуми Эрон дар солрӯзи милоди имом Ҳасани Аскарӣ (а) шаҳрҳои худро озин баста ва бо пахши ширинӣ ва шарбат ин рӯзи бузургро ҷашн мегиранд. Ҳазрати имом Ҳасани Аскарӣ (а) дар ҳаштуми рабеъ-ус-сонии 232 ҳиҷрии қамарӣ дар шаҳри Мадина дида ба ҷаҳон гушӯданд. Даврони зиндагии эшон ҳамзамон бо ҳукӯмати хулафои Аббосӣ ҳамчун муътаз, муҳтадӣ ва муътамид буд, бинобар ин, он воломақом бо вуҷӯди ихтиноқу маҳдӯдият бо тадбир ва омӯзишҳои саҳиҳ, бар огоҳӣ ва инсиҷоми мусулмонон афзуданд.
Радиои тоҷикии Садои Хуросон соли рӯзи вилодати ин имоми ҳумомро ба ҳамаи мусулмонони ҷаҳон бавижа ба шумо мухотибини муҳтарам, табрик ва шодбош арз мекунад.