Октябр 26, 2023 10:38 Asia/Dushanbe
  • Ваҳидӣ: Режими саҳюнистӣ дар ин 75 соли ҳузури нангини худ ҳеҷ гоҳ чунин вазъиятеро таҷриба накардааст
    Ваҳидӣ: Режими саҳюнистӣ дар ин 75 соли ҳузури нангини худ ҳеҷ гоҳ чунин вазъиятеро таҷриба накардааст

Вазири кишвари Эрон бо баёни ин ки имрӯз масъалаи Фаластин ба як масъалаи зинда, густарда ва мудовим дар ҷаҳон табдил шудааст, гуфт: Ҷабҳаи муқовимат режими саҳюнистиро ба зиллат кашондаву бақои онро зери суол бурдааст.

Ба гузориши хабаргузории “Эрон пресс”, Аҳмади Ваҳидӣ, вазири кишвари Эрон асри имрӯз (чаҳоршанбе) дар маросими бузургдошти шуҳадои мазлуми Фаластин ва навори Ғазза афзуд, режими ишғолгари Қудс пас аз инқилоби исломӣ натавонист сиёсатҳои тавсеаталабонаи саҳюнистии худро ба пеш бибарад.

Ваҳидӣ гуфт, режими саҳюнистӣ дар ин 75 соли ҳузури нангини худ ҳеҷ гоҳ чунин вазъиятеро таҷриба накардааст.

Вазири кишвари Эрон хотирнишон кард, бо вуҷуди баста шудани об, барқ ва сӯхт ба рӯи сокинони Ғазза, муқовим истодаанд ва ин санади ҳаққонияти миллати Фаластин ва хабосати душманони миллати Фаластин ва уммати Ислом аст.

Маросими бузургдошти шуҳадои мазлуми Фаластин ва навори Ғазза бо ҳузури ҷамъе аз масъулони лашкаривуу кишварӣ ва тане чанд аз асҳоби расона дар майдони Фаластини Теҳрон баргузор шуд.

Бар асоси гузориши Вазорати беҳдошти Фаластин дар тайи 19 рӯзи ҷинояти режими саҳюнистӣ дар борикаи Ғазза, беш аз 6 ҳазор нафар шаҳид  ва ҳудуди 20 ҳазор нафар ҳам маҷруҳ шудаанд.

 

Барчасп