Идомаи ройзаниҳои байналмилалии Амирабдуллоҳиён барои таваққуфи даргириҳо дар Ғазза
Ҳусайни Амирабдуллоҳиён, вазири умури хориҷаи Эрон дар пайи афзоиши даргириҳо миёни Фаластину Исроил ва эҳтимоли ташдиди ин буҳрони минтақаӣ, ба манзури ройзаниҳои байналмилалӣ вориди Ню-Йорк шуд.
Ба гузориши ИРНА, Ҳусайни Амирабдуллоҳиён шомгоҳи чаҳоршанбе дар идомаи ройзаниҳои минтақаӣ ва байналмилалии Ҷумҳурии исломии Эрон вориди фурудгоҳи Ҷон оф Кеннедии Ню-Йорк шуд ва мавриди истиқболи Амир Саиди Иравонӣ, сафиру дипломати аршади Эрон дар Созмони Милал қарор гирифт.
Артиши режими саҳюнистӣ, ки тавони муқобила бо размандагони муқовиматро надорад, аз ҳамон ибтидои амалиёт дар ҷинояте ошкор, иқдом ба бомбаборони бевақфаи манотиқи маскунӣ, бемористонҳо ва марокизи диниву мактабҳои Ғазза кардааст.
Вазорати беҳдошти Фаластин дар тозатарин омори худ аз афзоиши шумори шуҳадои ҷанги Ғазза ба ҳафт ҳазору 165 нафар хабар дод.
Ин вазоратхона ҳамчунин шумори маҷрӯҳон дар Ғаззаро 17 ҳазору 439 нафар эълом кард.