Ғазза, мадфани саҳюнистҳо ва муттаҳидонаш хоҳад шуд
Фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ гуфт: Сарзамини Ғазза ҳамонанди асои Мӯсо(а) аст, ки ҳар ончӣ режими хунхору ғосиби саҳюнистӣ бофтаро хоҳад балъид.
Ба гузориши хабаргузории Садо симо, фармондеҳи кулли сипоҳи посдорон амалиёти Тӯфони Алақсоро беназир ва истисноӣ унвон кард ва гуфт, замин, майдони мардони оҳанинирода ва боғайрат ва бо қуввати имони Ҳамос аст на мардони ҳарси кӯдаккуш.
Сардор сарлашкар Саломӣ афзуд, сарзамини Ғазза мадфани ҳамаи қудратҳое аст, ки даст ба даст ҳам доданд то ҳазорон кӯдаки бегуноҳ ва бедифоро қатли ом кунанд, дар ҳоле, ки ин сарзамини муқаддас ҳамонанди асои Мӯсо (а) аст, ки ҳар ончӣ ки режими хунхору ғосиби саҳюнистӣ бофтаандро хоҳад балъид ва бидонанд ин кӯдакон ҳаргиз таслим нахоҳанд шуд ва ба зуддӣ бо қудрати имон пирӯз хоҳанд шуд.
Вай гуфт, Амрико беш аз 4 даҳа аст дар гушаву канори дунё ба дунболи фурӯ бурдани ханҷар бар пайкараи уммати исломӣ аст ва дар пайи ноамн кардани манотиқи уммати исломӣ ва тасхири ҷуғрофиёи олами ислом аст, аммо бо диловариҳо, рашодатҳо ва қаҳрамонии мардони бузурге ҳамчун Ҳоҷ Қосими Сулаймонӣ зарбаи мӯҳлике бар пайкар беҷони худ ворид мекунад ва ҳайманаи пӯшолии онон дарҳам мешиканад.