Октябр 28, 2023 18:52 Asia/Dushanbe
  • Таърихсозии корвони варзишии Эрон дар ПараОсиёии Ҳонгжоу бо 131 медал ва ҷойгоҳи дуввумӣ

Корвони варзишии Эрон дар бозиҳои ПараОсиёии Ҳонгжоуи Чин, дар маҷмӯ бо 131 медол дар ҷойгоҳи дувум қарор гирифт.

Ба гузориши ИРНА, дар ин давра намояндагони Эрон бо касби 44 медоли тилло, 46 медоли нуқра ва 41 медоли брунз ва маҷмӯи 131 медол, болотар аз Ҷопон ва Кореяи Ҷанӯбӣ дар раддаи дувум қарор гирифтанд.

Корвонҳои варзишии Ҷопон 42 медоли тилло ва Кореяи Ҷанӯбӣ 30 медоли тилло касб карда ва дар ҷойгоҳи сеюм ва чаҳорум қарор гирифтанд.

Коварони варзишии Чин низ бо 214 медоли тилло ва маҷмӯи 521 медол дар ҷойгоҳи нахуст қарор гирифт.

Дар бозиҳои Пара-Осиё ва Паралимпӣ милоки таъйини ҷойгоҳи корвони варзишии кишварҳои ширкаткунанда касби нишони тилло аст ва нуқраи ва брунз дар ававиятҳои баъдӣ қарор дорад.

 

Барчасп