Октябр 29, 2023 11:31 Asia/Dushanbe
  • Дидору гуфтугӯи доктор Амирабдуллоҳиён ва дабири кулли Созмони Миллали Муттаҳид

Доктор Ҳусайни Амирабдуллоҳиён-вазири умури хориҷаи Эрон тайи дидоре бо Антонио Гутереш-дабири кулли Созмони Миллали Муттаҳид зимни эъломи ҳимояти дубора аз мардуми мазлуми Фаластин дар баробари ҷиноёти фоҷеабори саҳюнистҳо дидор ва наслкушии режими Исроилро ба шиддат маҳкум кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, доктор Амирабдуллоҳиён, ки ба манзури ширкат дар нишасти фавқулъодаи Маҷмаъи умумии Созмони Миллал дар бораи Фаластин ба Нию-Йорк сафар кардааст, бо Гуттереш  дар бораи охирин таҳаввулоти Ховари Миёна ва вазъияти навори Ғазза гуфтугӯ кард.

 Раиси дастгоҳи сиёсати хориҷи Ҷумҳурии Исломии Эрон таъкид дошт сукути бархе кишварҳо ва ҳамроҳии Амрико дар баробари таҳоҷуми ваҳшёна ва наслкушии режими Исроил, омил густохии ин режим опартайд барои ташдиди ҳамалот алайҳи ғайринизомён дар Ғазза ва Каронаи бохтарӣ шудааст.

 Вазири умури хориҷаи  Эрон ҳамчунин афзуд: Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳимояти идомадор аз муборизоти раҳоиибахш ва муқовимати мардум Фаластин бо ҳадафи таъмини комили ҳуқуқи инсонии онҳоро дар зумраи усули асосии сиёсати хориҷи худ қарор додааст.

 Гуттереш низ дар ин дидор зимни таъкид бар нақши беназири Эрон дар минтақа хостори идомаи талошҳои дипломатӣ ва созандаи сиёсии Ҷумҳурии Исломии Эрон шуд. Дабири кулли Созмони Миллали Муттаҳид вазъияти инсонӣ дар Ғаззаро фоҷиабор хонд ва бар таваҷҷуҳи ҳама тарафҳо барои таваққуфи фаврии ҷанг ва ирсоли кумакҳои инсондӯстона таъкид кард. Гуттереш гуфт: Ҳамаи мо бояд барои барқарории сулҳу амният дар минтақа ва ҷаҳон талош кунем. Авлавияти бунёди Созмони Миллали Муттаҳид ирсоли кумакҳои башардӯстона ва барқарории оташбас аст ва мо бар роҳи ҳалли сиёсӣ таъкид дорем.

 

 

Барчасп