Боздошти 19 омили гурӯҳаки террористии мунофиқин дар ҷануби шарқи Эрон
Идораи кулли иттилооти Систон ва Балучистони Эрон ва Созмони иттилооти сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ дар баёнияе муштарак аз боздошти 19 омили гурӯҳаки террористии мунофиқин дар ин устони ҷануби шарқии кишвар хабар доданд.
Ба гузориши ИРНА, дар иттилоияи муштарак омадааст, гурӯҳаки террористии мунофиқин, ки аз гузашта дар пайи нифоқафканӣ дар ҷануби шарқи Эрон бар бистари танаввуъи қавмӣ ва мазҳабӣ буда, дар моҳҳои ахир пас аз нишон, ҷазбу омӯзиши теъдоде аз аносури мустаъид дар фазои маҷозӣ, онҳоро ба террори чеҳраҳои шохиси қавмӣ ва мазҳабӣ, эҷоди ноамнӣ аз тариқи доман задан ба иғтишошот, осебрасондан ба амволи умумӣ, таарруз ба марокизи низомӣ ва интизомӣ ва сардодани шиорҳои сохторшикан дар маросими намози ҷумъа муваззаф кард.
Дар ин иттилоияи муштарак омадааст, бо ҳусӯли иттилооти аввалия, неруҳои амниятии Эрон дар силсила иқдомоти муштараки иттилоотӣ ва амалиётӣ, зимни расади дақиқу шиносоии таҳаррукоти мунофиқин, дар иқдоме ҳамоҳанг шабакаи густардаи он гурӯҳаки вобастаро шиносоӣ ва 19 узви он дар сатҳи устони Систон ва Балучистон боздошт карданд.
Баъд аз пирӯзии Инқилоби Исломӣ, фаъолиятҳои мухталифе барои барандозӣ ва муқобила бо Ҷумҳурии Исломии Эрон аз сӯи Амрико, режими саҳюнистӣ ва муттаҳидони минтақаии онон сӯрат гирифтааст.
Дар солҳои ахир низ бо шикасти фишори ҳаддиаксарии таҳримҳои Амрико, фишори ҳаддиаксарии амниятии зидди Эрон шакл гирифт, дар ин таҳарруко, байни Исроил, Амрико ва Англия ҳамкориҳои густардае ҷараён дорад.
Бештар бихонед: