Июн 22, 2023 18:56 Asia/Dushanbe
  • Гурӯҳаки мунофиқин аз тариқи ташкилоти худ дар Албания ба ҷосӯсӣ ва иқдомоти харобкорона алайҳи мардуми Эрон пардохтанд
    Гурӯҳаки мунофиқин аз тариқи ташкилоти худ дар Албания ба ҷосӯсӣ ва иқдомоти харобкорона алайҳи мардуми Эрон пардохтанд

Кишварҳои аврупоӣ, ки аз ибтидои пирӯзии Инқилоби Исломии Эрон токунӯн мизбони гурӯҳакҳои террористӣ ва барандози зиддиэронӣ будаанд, ахирани даст ба иқдомоте задаанд, ки ҳокӣ аз тағйири рӯйкарди онҳо дар қиболи ин гурӯҳакҳо аст.

Бо вуҷӯди солҳо ҳимояти пайдову пинҳони кишварҳои ғарбӣ бавижа аврупоӣ аз гурӯҳаки террористии мунофиқин сукнат додан ба аносури ин гурӯҳак дар кишвари Албания, аммо акнӯн бархӯрди дигаре бо онон сӯрат додааст. Дар ин ростои полиси Албания субҳи рӯзи сешанбе бо ҳамла ба мақари гурӯҳаки мунофиқин дар шаҳри соҳилии Durrës мавсӯм ба мақари «Ашраф3», беш аз 70 террористи узви ин гурӯҳакро боздошти кард ва як террорист низ ба далели ҳамлаи мусаллаҳона ба полиси Албания ба ҳалокат расид. Раиси полиси Албания гуфт, 15 маъмури полиси ин кишвар дар даргирӣ бо аъзои мунофиқин захмӣ шудаанд.
Вазорати кишвари Албания низ дар баёнияе эълом кард, ки амалиёти рӯзи сешанбеи мо мутобиқи қавонин ва бар асоси ҳукми додгоҳи олии мубориза бо терроризм сӯрат пазируфтааст. Мутобиқи тавофуқ миёни мо ва созмон дар соли 2014 , аъзои ин созмон сирфан ба далоили инсондӯстона дар кишвари мо паноҳанда шуда буданд, аммо бо анҷоми иқдомоти террористӣ ва сойбирӣ ин тавофуқро нақз кардаанд. Тибқи ин баёния аз субҳи сешанбе неруҳои полиси Албания барои бозрасӣ аз ин қароргоҳ барои соате кантроли онро бар ӯҳди гирифта ва зимни бозрасии дафотири ин созмон, тамомии системаҳои электрунӣ, аз ҷумла компютерҳо, телефонҳои ҳамроҳ ва... мавриди бозрасӣ қарор гирифт. Бархе аз васоили электрунии ғайри матаориф, аз ҷумла теъдоде паҳпод, тавассути полис забт шуданд. Неруҳои амниятӣ дар ҳини бозрасӣ бо муқовимату ҳамлаи теъдоде аз аъзои ин созмони рӯ ба рӯ шуданд. Мақомоти Албания баъд аз ҳамла ба урдӯгоҳи гурӯҳаки террористии мунофиқин шаш нафар аз аъзои ин гурӯҳаки террористиро ҳадафи пайгарди қазоӣ қарор доданд.

Beldar Cuci, вазири кишвари Албания мегуяд, рафтори аъзои мунофиқин таассуфбор ва тавҳин ба тавофуқи давлати ин кишвар бо ин гурӯҳаки террористӣ будааст.

Пазириши аносури гурӯҳаки террористии мунофиқин тавассути Албания пас аз ихроҷи онҳо аз Ироқ ба дастури Амрико ва бо ҳамоҳангии дигар аъзои НАТО сӯрат гирифт. Сафари Ҷон Керӣ, вазири хориҷаи вақти Амрико ба Албания дар 14 феврали 2014 , мунҷар ба тавофуқии пинҳонӣ мабнӣ бар интиқоли то 3000 нафар аз аъзои мунофиқин ба Тирана гардид. Бинобар ин раванди интиқоли аъзои мунофиқин ба Албания шиддат гирифт ва то авохири декабри 2017 бар асоси охирин омори ғайри расмии ҳудӯди 3250 тан аз аъзои ин гуруҳи террористӣ дар ин кишвар мустақар шудаанд. Сарони гурӯҳаки мунофиқин худро на дар кишвари Албания, ки дар хоки Амрико дида ва ба аъзои худ ингуна илқо мекунанд, ки меҳмони Пентагон буда ва аз ин мавзӯ ба унвони як дастоварди бузург баҳра мебаранд. Мунофиқин дар ин кишвар ба рағми инки бино бар таъкиди давлати Албания ба далоили инсондӯстона пазируфта шуда буданд, аммо амалан мақари Ашраф 3 дар шаҳри Durrës-ро ба марказе барои анҷоми иқдомоти сойберӣ ва низ дигар иқдомоти террористӣ табдил карда буданд. Гурӯҳаки мунофиқин аз тариқи ташкилоти худ дар Албания ба ҷосӯсӣ ва иқдомоти харобкорона алайҳи мардуми Эрон пардохтанд.

Дар айни ҳол ҳузури густардаи гурӯҳаки мунофиқин дар Албания мусалламан барои ин кишвари мухотирот қобили таваҷҷӯҳе дорад. Ба назар мерасад, давлати Албания ба ин ҷамъбандӣ расида, ки ҳузури гурӯҳаки мунофиқин на танҳо барои манофеи миллии Албания хатарнок аст, балки метавонад барои кулли минтақа мухотира эҷод кунад. Яке аз паёмадҳои ҳузури гурӯҳаки мунофиқин дар Албания тазъифи амнияти миллӣ ва ҳокимияти қонӯн дар ин кишвар будааст. Яке дигар аз мухотироти пазириши мунофиқин дар Албания, идғоми онҳо бо гуруҳҳои террористӣ, мафияӣ, такфирӣ ва ваҳобӣ аст. Албатта тағйири рӯйкарду бархӯрди кишварҳои аврупоӣ бо гурӯҳаки мунофиқин мунҳасир ба Албания набуда, балки ба назар мерасад, ки Фаронса низ ки аз дер боз маъвоӣ мунофиқин буда рӯйкарди ҷадиде дар ин замина дар пеш гирифтааст. Дар ин росто баргузарии таҷаммуъи солонаи гурӯҳаки мунофиқин дар Фаронса мамнӯъ шуда ва номае барои сарони ин таҷаммуъ ирсол шудааст. Гурӯҳаки мунофиқин ҳар соли мусодиф бо 30 хурдод ва солгарди оғози фаъолиятҳои террористии худ, гирдиҳамоии солонае баргузор мекарданд, ки имсол ба дастури давлати Фаронса, ин гирдиҳамоӣ дар Вилпент лағв шуд. Полиси Фаронса гуфта, ки ба иллати мушкилоти амниятӣ ва ихлол дар назми умумии ин таҷаммуъ лағв шудааст. Мамнуияти таҷаммуъи солонаи мунофиқин, ки барои нахустин бор тайи 15 соли ахир сӯрат гирифтааст.
Хабаргузории Ройтерс, мамнуияти баргузории ин таҷаммуъро ҳамзамон бо талоши кишварҳои ғарбӣ барои коҳиши таниш бо Эрон дониста ва навиштааст, ки ин мамнуият, чандҳафта пас аз он эълом мешавад, ки кишварҳои аврупоӣ ва Эрон чанд табодули зиндонӣ анҷом доданд ва ҳамчунин ду ҳафта пеш Эммануэл Макрон, раисиҷумҳури Фаронса тамоси телефонии 90 дақиқаӣ бо Иброҳими Раисӣ, раисиҷумҳури Эрон дошт.
Раисӣ дар ин гуфтугӯ, бо ишора ба муҳосиботи ғалати бархе давлатҳои аврупоӣ дар бораи миллати Эрон, онро ношӣ аз гирифтор шудани ин давлатҳо дар доми иттилооти ғалати гуруҳҳои террористӣ, таҷзияталаб ва маонидон донист ва бар парҳез аз мудохила дар умӯри дохилӣ ва эҳтиром ба асли ҳокимияти миллӣ таъкид кард.

Бештар бихонед:

 

Барчасп