Октябр 31, 2023 13:29 Asia/Dushanbe
  • Парвози ихтисосии Персполис ба Тоҷикистон

Корвони тими футболи Персполис бо парвози ихтисосӣ роҳии Тоҷикистон барои баргузории дидори ҳафтаи чаҳоруми Лигаи қаҳрамонони Осиё хоҳад шуд.

 Ба гузориши Шаҳророниус, ҳафтаи нӯҳуми Лигаи бартари футболи Эрон дар ҳоле панҷшанбе ва ҷумъаи ҳафтаи ҷорӣ дар шаҳрҳои мухталиф пайгири мешавад, ки Персполис, Сипоҳон ва Нассоҷӣ ба унвони се намояндаи Эрон дар Лигаи қаҳрамонони Осиё бояд фаврӣ барои шурӯъи даври баргашти ин рақобатҳо омода шаванд.

 Бошгоҳи Персполис тибқи барномаи кодри фаннӣ қарор аст барои шанбеи ҳафтаи оянда парвози ихтисосӣ барои корвони ин тим ба Тоҷикистон таҳия кунад, ки муқаддамоти он низ анҷом шудааст.

 Дидори тимҳои футболи Персполис ва Истиқлоли Тоҷикистон сешанбеи оянда дар ҳафтаи чаҳоруми гурӯҳи С дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад. Персполис бо касби 6 имтиёз аз ду бурд ва як шикаст дар поёни даври рафт дар рутбаи дувуми ҷадвал қарор дорад.

 Тибқи қонунҳои нави Кумитаи мусобиқоти Лигаи қаҳрамонони Осиё бо таваҷҷуҳ ба 40 тимӣ шудани марҳилаи гурӯҳӣ танҳо 10 тими садрнишин аз 10 гурӯҳ ба ҳамроҳ 6 тими мунтахаб аз ҳамин теъдод гурӯҳ ба марҳилаи баъдӣ роҳ пайдо мекунанд.

 

Барчасп