Ноябр 01, 2023 17:36 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари инқилоб: Пирӯзи ин майдон мардуми Ғазза ва Фаластин ҳастанд, ки тавонистанд корҳои бузурге анҷом диҳанд
    Раҳбари инқилоб: Пирӯзи ин майдон мардуми Ғазза ва Фаластин ҳастанд, ки тавонистанд корҳои бузурге анҷом диҳанд

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар табйини дастовардҳои сабру истодагии мардуми Ғазза гуфтанд: Мардуми Ғазза бо сабри худ виҷдони башариро ба ҳаракат дароварданд.

Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии дафтари мақоми муаззами раҳбарӣ, ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ дар дидори ҳазорон нафар аз донишомӯзону донишҷӯёни Эрон, фоҷеаофаринии саҳюнистҳову амрикоиҳо дар Ғаззаро дар таърих бесобиқа хонданду тасреҳ карданд: Дилҳои мо ба хотири масоиби мардуми Фаластин ва бахусус Ғазза хун аст, аммо бо нигоҳи амиқ ба саҳна маълум мешавад пирӯзи ин майдон мардуми Ғазза ва Фаластин ҳастанд, ки тавонистанд корҳои бузурге анҷом диҳанд.

Раҳбари инқилоби исломӣ

 

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ канор рафтани ниқоби дурӯғини ҳуқуқи башар аз чеҳраи ғарбиҳову расво шудани онҳоро аз ҷумлаи осори сабру истодагӣ ва таслим нашудани мардуми Ғазза донистанду афзуданд: Мардуми Ғазза бо сабри худ виҷдони башариро ба ҳаракат дароварданд. Мебинед имрӯз ҷамъиятҳои анбӯҳ ҳатто дар хиёбонҳои Амрико ва кишварҳои ғарбӣ алайҳи Исроил ва дар мавориди зиёде алайҳи Амрико шиор медиҳанд.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ бо ишора ба заработи таҳқиркунандае, ки сабру истодагии мардуми Ғазза ба обрӯ ва ҳайсияти режими ғосиби ҷаълӣ ва ҳомиёни мустакбираш ворид оварда, гуфтанд: Агар кумакҳои ҳамаҷонибаи Амрико набошад, режими саҳюнистӣ дар арзи чанд рӯз фалаҷ хоҳад шуд.

Раҳбари муаззами инқилоб куштори чаҳор ҳазор кӯдак дар зарфи се ҳафтаро ҷинояте бесобиқа дар таърих хонданд ва бо таъкид бар ҳушёрии уммати исломӣ дар қиболи ҳаводиси Ғазза, ки дар воқеъ майдони тақобули «ҳаққу ботил» ва «имону истикбор» аст, тасреҳ карданд: Қудрати истикбор бо бомбу фишори низомӣ ва фоҷеаву ҷиноят пеш меояд, аммо қудрати имон ба тавфиқи илоҳӣ бар ҳамаи инҳо ғалаба хоҳад кард.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ бо таъкид бар лузуми басиҷи дунёи Ислом, пофишории давлатҳои исломӣ бар қатъи фаврии ҷиноёту бомбаборонҳо дар Ғаззаро зарурӣ хонданд ва аз ин давлатҳо хостанд роҳи судури нафту арзоқ ба режими саҳюнистиро масдуд ва бо он режим ҳамкории иқтисодӣ накунанд ва дар ҳамаи маҷомеи ҷаҳонӣ сареҳ, бидуни лакнат ва дупаҳлугӯӣ ва бо садои баланд ҷиноёту фаҷоеи режими ғосибро маҳкум кунанд.

Раҳбари муаззами инқилоб бо ишора ба расво шудани дурӯғгӯёни ҷаҳон, террорист хондани муборизони фаластиниро нишонаи бешармии воқеии сиёсатмадорону расонаҳои ғарбӣ хонданд ва ин саволро матраҳ карданд: Оё касе ки аз хонаву меҳани худ дифоъ мекунад, террорист аст? Оё фаронсавиҳое, ки дар ҷанги ҷаҳонии дувум дар Порис бо олмониҳо мубориза карданд, террорист буданд? Чӣ тавр онҳо муборизу мояи ифтихори Фаронса ҳастанд, аммо ҷавонони Ҷиҳоду Ҳамос террорист?

 

Барчасп