Мизбонии Эрон аз ҳудуди панҷ миллион паноҳанда
(last modified Thu, 02 Nov 2023 07:10:09 GMT )
Ноябр 02, 2023 12:10 Asia/Dushanbe
  • Каҳилуото аз ҳамкориҳои Ҷумҳурии исломии Эрон дар ҳавзаи паноҳандагон қадрдонӣ кард
    Каҳилуото аз ҳамкориҳои Ҷумҳурии исломии Эрон дар ҳавзаи паноҳандагон қадрдонӣ кард

Мудири кулли байналмилали Созмони миллии муҳоҷирати Эрон гуфт, ки акнун Эрон мизбони ҳудуди панҷ миллион паноҳанда аст.

Ба гузориши ИРНА, Руҳуллоҳ Қодирӣ, мудири кулли байналмилали Созмони миллии муҳоҷирати Эрон дар дидори Кари Каҳилуото (Kari Kahiluoto), сафири Финландия ва намояндаи комиссари Созмони Милали Муттаҳид дар Теҳрон гуфт, нобасомонӣ ва мудирият надоштан дар ҳавзаи паноҳндагон дар ҳамаи ҷавониб, ба хусус байналмилалӣ боис шудааст Ҷумҳурии исломии Эрон ба унвони кишваре, ки ҳеҷ тақсире дар ба вуҷуд омадани ин шароит надоштааст, аммо бо нисбати бештар ба ҳамаи ҳавзаи байналмилал дар фишор ва мизбони ҳудуди панҷ миллион паноҳанда бошад.

Қодирӣ афзуд, ҳамаи ҷомеаи байналмилал бояд саҳми ин иттифоқро ба дӯш бикашанд ва дар зерсохтҳову масоили бунёдӣ ва асосӣ нақше ҷиддӣ ифо кунанду хадамоти худро аз кӯтоҳмуддату сатҳӣ ба самти миёнамуддату роҳбурдӣ савқ диҳанд.

Мудири кулли байналмилали Созмони миллии муҳоҷирати Эрон гуфт, зарурати афзоиши саҳмияи искони дубора бар асоси мизони ҷамъияти оворагони афғонистонӣ дар кишварҳо ва ҳамчунин лузуми тағйири амалкарди ҷомеаи байналмилал нисбат ба ҳаҷми кумакҳои ночиз ба ҷомеаи паноҳандагон дар Эрон бояд дар барномаи вижаи созмонҳои байналмилалӣ қарор гирад.

Каҳилуото, сафири Финландия ва намояндаи комиссари СММ низ дар ин дидор аз ҳамкориҳои Ҷумҳурии исломии Эрон дар ҳавзаи паноҳандагон қадрдонӣ кард.

 

Бештар бихонед: