Оғози раёсати Эрон бар Маҷмаи иҷтимоии Шӯрои ҳуқуқи башари СММ
Раёсати Эрон бар Маҷмаи иҷтимоии Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид аз имрӯз - панҷшанбе (2 ноябр/ 11 обон) оғоз шуд.
Раиси Шӯрои ҳуқуқи башари СММ даҳуми моҳи майи соли ҷории мелодӣ Ҷумҳурии исломии Эронро ба унвони раиси ин маҷмаъ интихоб карда буд.
Маҷмаи иҷтимоӣ аз созукорҳои Шӯрои ҳуқуқи башар аст, ки аз соли 2002 (дар даврони фаъолияти комиссиюни ҳуқуқи башар) эҷод шуда ва ҳар сол бо интихоби як мавзӯи хос, ки марбут ба муҳимтарин чолишҳо, таҳаввулот ва нигарониҳои ҷаҳонӣ дар ҳавзаи ҳуқуқи башар аст, абъоди мухталифи онро мавриди баррасӣ қарор медиҳад.
Ин нахустин бор аст, ки Ҷумҳурии исломии Эрон раёсати Маҷмаи иҷтимоиро бар уҳда мегирад.
Маҷмаи иҷтимоӣ шӯроест, ки ҷаласоти он ба таври солона баргузор мешавад ва ба мавзӯи вижа мепардозад.
Мавзӯи мабоҳиси имсол нақши илм, фанноварӣ ва навоварӣ дар пешбурди ҳуқуқи башар хоҳад буд.
Нишасти Маҷмаи иҷтимоӣ рӯзҳои дувум ва сеюми ноябр дар мақари аврупоии СММ дар Женева ба раёсати Алии Баҳрайнӣ, намояндаи Ҷумҳурии исломии Эрон баргузор мешавад.