Ноябр 05, 2023 13:35 Asia/Dushanbe
  • Раисӣ : Ҷиноятҳои ҷангии режими саҳюнистӣ ва ҳимояти амрикоиҳо аз он набояд бидуни кайфар бимонад

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар гуфтугӯи телефонӣ бо нахуствазири Норвегия таъкид кард : Ҷиноятҳои ҷангии режими саҳюнистӣ ва ҳимояти амрикоиҳо аз он набояд бидуни кайфар(ҷазо) бимонад.

Саидиброҳими Раисӣ-раиси ҷумҳури Эрон, дар гуфтугӯи телефонӣ бо Йонас Гахер Ашторе-нахуствазири Норвегия зимни истиқбол аз мавзеъи ин кишвар дар таваққуфи ҳар чӣ зудтари ҷанг ва куштори ғайринизомиён дар Ғазза, бар зарурати талошҳои байналмилаллӣ барои рафъи муҳосира ва имдодрсонии фаврӣ ба ин минтақа таъкид кард.

 Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии раёсати ҷумҳурӣ, Раисӣ бо баён инки Ҳамос, давлати қонунӣ, мунтахаб ва машрӯъи Ғазза аст, гуфт : Ҷанг бо Ҳамос ҷанг бо демокрасӣ аст.

Image Caption

 Раиси ҷумҳури Эрон афзуд: Инки тақрибан дар ҳар 10 дақиқа як кӯдак дар Ғазза ба қатл бирасад, намунаи боризи ҷиноят алайҳи башарият, наслкушӣ ва бисёр ваҳшатнок аст ва сукути тааҷуббарангез ва ҳатто ҳимояти таслиҳотӣ ва ирсоли таҷҳизоти Амрико ва теъдоде кишварҳои аврупоӣ ба режими саҳюнистӣ гувоҳи стандартҳои дугонаи Ғарб ва шарокати ошкор ин кишварҳо дар ҷиноёти саҳюнистҳо аст.

 Раиси ҷумҳур бо ишора ба судури ҳадди ақал 180 қатънома алайҳи режими саҳюнистӣ дар Созмони Миллал, беасар будани ин қатъномаҳо дар тағйири рафтор ва амали режими саҳюнистиро хотирнишон кард ва гуфт: Ҷумҳурии Исломии Эрон роҳкори демократӣ ва одилона барои ҳалли масъалаи Фаластин вобаста бар эдеяи ҳар фаластинӣ-як раъйро ироа карда, ки дар Созмони Миллал низ сабт шудааст.

 Раисӣ бо ишора ба феҳристи баландболои садҳо зан ва шаҳрвандони одӣ, ки дар Амрико, Англия, Фронса ва бархе дигар аз кишварҳои ғарбии муддаии ҳуқуқи башар бидуни ҳеҷ далели асоснок ба дасти полиси ин кишварҳо кушта ё шиканҷа шудаанд, гуфт: Кишварҳои ғарбӣ бидуни кӯчактарин иқдоме барои расидагӣ ба чунин иқдомоти зидди ҳуқуқи башар дар кишварҳои худ, бо истифода аз ахбор ва гузоришҳои муғризонаи гурӯҳҳои хос барои дигар кишварҳо парвандасозӣ карда ва ба онҳо иттиҳоми поймолсозии ҳуқуқи башар мезананд.

 Нахуствазири Норвегия низ дар ин муколимаи телефонӣ тасреҳ кард: Норвегия аз нақши муҳим ва муассири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар минтақа иттилоъ дорад ва зимни қадрдонӣ аз ин кишвар барои заминаи контроли танишҳо хоҳони таомул бо Эрон барои ёфтани роҳкорҳои ҷадид дар ростои ҳаллу фасли буҳрони Фаластин ҳастем.

 

Барчасп