Даргузашти Гулпо - хонандаи пешкисвати эронӣ
(last modified Mon, 06 Nov 2023 05:55:15 GMT )
Ноябр 06, 2023 10:55 Asia/Dushanbe

Акбари Гулпойгонӣ, маъруф ба Гулпо - хонандаи пешкисвати эронӣ асри шанбе бар асари беморӣ даргузашт.

Ба гузориши ИРНА, ин ҳунарманд (1934) дар Теҳрон мутаваллид шудааст. Дар соли 1939 Гулпо вориди дабистони фарҳанг шуд ва ба унвони қории Қуръон дар синфаш баргузида шуд.

Пас аз ин фаъолиятҳо Акбари Гулпойгонӣ бо ошноӣ бо теъдоде қории Қуръону таъзияхон ва кор кардан зери назари онҳо усули аввалияи овозхониро омӯхт.

Дар соли 1941 вай ба таври ҷиддӣ ва муназзам таълими мусиқӣ ва дастгоҳҳоро назди падараш оғоз кард.

Акбари Гулпойгонӣ дар соли 1947 аввалин таҷрибаи ширкат дар як гуруҳи оркестри хорро ба даст овард. Як соли баъд дар анҷумани мусиқии Мадрасаи Низом узв шуд ва баъд кам - кам бо устодони тарози аввали мусиқӣ ошно шуд ва таълимро зери назари ин асотид оғоз кард. Гулпо иҷрои бештарини овоз дар барномаи “Гулҳо”-ро дорад.

Ӯ дар соли 2005 доктории ифтихорӣ аз донишгоҳи Теҳрон дарёфт кард.

Ҳамчунин овои овози ӯ дар як филми ҷаҳонӣ ба номи “Medea” - сохтаи коргардони итолиёии Позулини гунҷонда шуд.

Пайкари Акбари Гулпойгонӣ сешанбеи 16 обон (7 ноябр) ба самти қитъаи ҳунармандони биҳишти Заҳро (с.а) дар Теҳрон бадрақа мешавад.