Раиси ҷумҳури Эрон фардо роҳии Тоҷикистон мешавад
(last modified Tue, 07 Nov 2023 07:37:49 GMT )
Ноябр 07, 2023 12:37 Asia/Dushanbe
  • Раиси ҷумҳури Эрон фардо роҳии Тоҷикистон мешавад

Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон сафари Сайид Иброҳим Раисӣ- раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Душанберо таъйид кард.

Ба гузориши хабаргузории ИРНА, Сайид Иброҳим Раисӣ-раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Душанбе бо Эмомалӣ Раҳмон- ҳамтои тоҷики худ дидор хоҳад кард.

 Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон имрӯз сешанбе эълом кард, пас аз дидори дуҷонибаи раисони ҷумҳури Эрон ва Тоҷикистон, ҳайатҳое аз ду кишвар ташкили ҷаласа хоҳанд дод.

Сарони Эрон ва Тоҷикистон дар нишасти утоқи бозаргонии Тоҷикистон ва Эрон, ки аз 7 то 12 ноябр дар Душанбе баргузор мешавад низ, ширкат мекунанд.

 Иброҳими Раиси аз Душанбе ба мақсади Тошканд, пойтахт Узбакистон ва маҳалли нишасти сарони Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ЭКО), сафар мекунад.

 Ин дувумин сафари Иброҳими Раисӣ ба Тоҷикистон пас аз интихоби вай ба унвони раиси ҷумҳури Эрон аст.

 

Барчасп