Тарози тиҷории мусбати 1. 6 миллиарддолларии Эрон дар тиҷорат бо Эко
Сухангӯи Комиссияи равобити байналмилал ва тавсеаи тиҷорати Хонаи санъат, маъдан ва тиҷорати Эрон аз тиҷорати 10 миллиарду 200 миллиондолларии Эрон бо аъзои ЭКО дар ҳафт моҳи гузашта хабар дод.
Сайид Руҳуллоҳ Латифӣ, сухангӯи Комиссияи равобити байналмилал ва тавсеаи тиҷорати Хонаи санъат, маъдан ва тиҷорати Эрон афзуд, дар ҳафт моҳи гузашта 14 миллиону 939 ҳазору 483 тон коло ба арзиши 10 миллиарду 189 миллиону 923 ҳазор доллар байни Эрон ва 9 узви созмони ЭКО табодул шуд, ки ин мизон бо рушди 18 дарсадӣ дар вазн ва 4. 5 дарсадӣ дар арзиш ҳамроҳ будааст.
Латифӣ гуфт, бар асоси оморҳои расмӣ, тарози тиҷории Эрон бо 9 кишвари узви ЭКО бо пешӣ гирифтани содирот, ба мусбати 1. 6 миллиард доллар расид.
Сухангӯи Комиссияи тавсеаи тиҷорати Хонаи санъат, маъдан ва тиҷорати Эрон дар бораи мизони содирот ба аъзои ЭКО гуфт, Туркия, Покистон ва Афғонистон се мақсади нахусти содироти колоҳои эронӣ будаанд.
Созмони ҳамкории иқтисодӣ (Economic Cooperation Organization)- як созмони иқтисодии минтақаие аст, ки се кишвари Эрон, Покистон ва Туркия дар соли 1964 нахустин бор ин созмонро поярезӣ карданд.
Ин созмон ҳамакнун бо 10 узв аз кишварҳои Афғонистон, ҷумҳурии Озарбойҷон, Қазоқистон, Туркманистон, Қирғизистон, Узбакистон ва Тоҷикистон бо 330 миллион нафар ҷамъият, дорои зарфиятҳои зиёде, аз ҷумла манобеи нафту газ, энержӣ ва саноат аст.