Ноябр 08, 2023 18:36 Asia/Dushanbe
  • Роҳёбии намояндагони иснукери Эрон ба марҳалаи ҳазфии рақобатҳои ҷаҳонӣ

Намояндагони иснукери Эрон ба марҳалаи ҳазфии рақобатҳои ҷаҳонӣ дар Қатар роҳ ёфтанд.

Алӣ Қарагузлу аз Эрон дар гуруҳи U-и рақобатҳои ҷаҳонӣ дар Қатар муваффақ шуд муқтадирона ва бо натоиҷи мушобеҳи 4 бар 0 намояндагони Австрияву Фаластинро шикаст диҳад ва ба даври ҳазфӣ роҳ пайдо кунад.

Амири Сархуш, капитани тими миллии иснукери Эрон низ дар гуруҳи A-и мусобиқот муваффақ шуд дар ибтидо 4 бар 0 намояндаи Аммон, намояндаи Ироқро 4 бар 3 ва намояндаи Шветсияро 4 бар 1 шикаст диҳад то як бори дигар бо саргуруҳӣ ба даври ҳазфии мусобиқот роҳ пайдо кунад.

Шоҳин Сабзӣ, дигар иснукербози Эрон ҳам дар гуруҳи R ҳарифи мисрии худро 4 бар 1, ҳарифи руминиро 4 бар 3 ва намояндаи кишвари мизбонро 4 бар 0 шикаст дод то ӯ ҳам ба унвони саргурӯҳ ба даври баъдӣ роҳ пайдо кунад.

 

Барчасп