Ноябр 10, 2023 18:38 Asia/Dushanbe
  • Паймони Ҷебелӣ, раиси Садо ва Симои Ҷумҳурии исломии Эрон
    Паймони Ҷебелӣ, раиси Садо ва Симои Ҷумҳурии исломии Эрон

Раиси Созмони садо ва симо, ки бо ҳадафи дидор бо раҳбарону расонаҳои муқовимат ба Лубнон сафар кардааст, бо ҳузур дар шабакаи “Алманор” бар ҳимояти саддарсадии расонаи миллӣ аз ҳамаи расонаҳои муқовимат таъкид кард.

Паймони Ҷебелӣ, раиси Садо ва Симои Ҷумҳурии исломии Эрон дирӯз - панҷшанбе бо ҳадафи дидор бо раҳбарони муқовимати Лубнону Фаластин ва ҳамчунин асҳоби расонаи ҳозир дар ҷабҳаҳои набард алайҳи режими саҳюнистӣ роҳии Лубнон шуд.

Аҳмади Наврӯзӣ, муовини бурунмарзии Садо ва Симо дар ин сафар Ҷебелиро ҳамроҳӣ мекунад.

Паймони Ҷебелӣ пас аз зиёрати қубури мутаҳҳари шуҳадои муқовимат дар зоҳияи ҷанубии Бейрут, аз шабакаи “Алманор” боздид кард.

Ҷебелӣ дар дидор бо мудирону коркунони ин расона, аз нақши шабакаи “Алманор” ва дигар расонаҳои муқовимат дар бознамоии содиқонаи амалиёти “Тӯфони Алақсо” таҷлил кард.

Ҷебелӣ дар ин дидор зимни табйини вуҷуҳи майдонӣ, мардумӣ ва расонаии “Тӯфони Алақсо”, буъди расонаии ин амалиётро бисёр муҳиму муассир муаррифӣ ва хотирнишон кард, баъд аз поёни ҷанг вазифаи расонаҳои муқовимати азизамон ҷанги сангинтар хоҳад буд ва ин расонаҳо дар ҳамроҳӣ бо якдигар боистӣ ба олам эълом кунанд, ки рӯзгори саҳюнизм поён ёфтааст.

Раиси расонаи Созмони садо ва симо ҳамчунин вазифаи расонаҳои муқовиматро баъд аз ҷанги кунунӣ тасвиргарии мазлумияти миллати Фаластин дар канори таъкид бар ҳаққи доими муқовимат барои анҷоми амалиётҳои мушобеҳи амалиёти “Тӯфони Алақсо” муаррифӣ кард.

Дар ин дидор Иброҳим Фараҳот, мудири шабакаи “Алманор” зимни баёни гӯшаҳое аз амалкарди шабакаи “Алманор”, аз ҳимоятҳои комилу мудовими расонаи миллӣ аз ин шабакаи телевизионӣ ва соири расонаҳои меҳвари муқовимат қадрдонӣ кард.

Раиси Созмони садо ва симои Ҷумҳурии исломии Эрон ҳамчунин бо ҳузур дар студияи шабакаи телевизионии “Алманор” дар Лубнон, зимни табрик ба ин шабака ба далели пештозӣ дар ҳимояти расонаӣ аз ҷабҳаи муқовимат, эълом кард, бо тавваҷуҳ ба имконоте ки дар ихтиёр дорем, омодаем дар ҳавзаи расонаӣ ба ҷабҳаи муттаҳиди муқовимат кумак кунем.

 

 

Барчасп