Пеп Гвардиола хостори ҳамбастагии мардуми Испания бо Фаластин
Порс тудей - Сармураббии испанияии тим(даста)и футболи Манчестер ситии Англия дар паёми видеоӣ аз мардуми Испания ва ҳаводорони Барселона хост бо ҳузур дар дидори хайрияи миёни тими Каталония ва тими миллии Фаластин , ҳамбастагии худро бо мардуми Фаластин ва шаҳидони ҷанги Ғазза нишон диҳанд .
Пеп Гвардиола-сармураббии тими футболи Манчестер ситии Англия дар остонаи баргузории дидори дӯстонаи хайрияи миёни ин ду тим дар 18 ноябр дар варзишгоҳи олимпии Барселона , паёме мунташир кард ва аз тарафдорони худ хост ки дар ин мусобиқа ҳузури густарда дошта бошанд. Вай дар ин паёми видеоӣ гуфт :
« Барселона , шаҳри сулҳ , мизбони дидор миёни тими Каталония ва тими миллии Фаластин хоҳад буд. Ин мусобиқа фаротар аз футбол ва садои ҳамбастагӣ ва адои эҳтиром ба беш аз 400 варзишкори фаластинӣ, ки дар Ғазза ҷон бохтаанд ,аст . Биёед варзишгоҳро пур кунем . »