UNRWA: Исроил бо маҳдудияти кумакҳои Ғазза қавонини байналмилалиро нақз мекунад
Ноябр 16, 2025 09:13 Asia/Dushanbe
Порс Тудей - Ожонси имдодрасонӣ ва корёбии оворагони Фаластин (UNRWA) бо интиқод аз идомаи маҳдӯдияти кумакҳо ба Борикаи Ғазза эълом кард, режими Исроил ба унвони қудрати ишғолгар, тааҳҳудоти худ дар қиболи қавонини байналмилалии башардӯстонаро риоят намекунад.
Бино бар эъломи UNRWA, режими Исроил бо идомаи маҳдӯдият бар вуруди кумакҳо ба Ғазза, қавонини байналмилалии башардӯстонаро нақз мекунад. Режими Исроил ба унвони қудрати ишғолгар аз анҷоми таъаҳҳудоти қонӯнии худ сар боз мезанад.
UNRWA пештар ҳушдор дода буд, ки боришҳои шадиду камбуди сарпаноҳ, вазъияти инсонии сокинони Ғаззаро ба шиддат буҳронӣ карда ва хонаводаҳоро ба паноҳ гирифтан дар фазоҳои муваққат водоштааст. /Меҳр