Июл 31, 2016 20:47 Asia/Dushanbe
  • Ҷавонони баскетболисти Эрон қаҳрамони Осиё шуданд

Тими баскетболистони ҷавони Эрон дар дидори ниҳоии бистучорумин давраи рақобатҳои баскетболи ҷавонони Осиё, ки ба мизбонии Теҳрон пайгирӣ шуд, бо натиҷаи 71 бар 65 муқобили Ҷопон ба пирӯзӣ расиданд ва қаҳрамон шуданд.

Ба гузориши радиои тоҷикӣ, тими Эрон, ки дар марҳилаи гурӯҳии ин рақобатҳо муқобили Ҷопон натиҷаи бозиро вогузор карда буд, имрӯз бо ироаи як бозии комилан бартар муваффақ шуд ҳарифашро аз сари роҳ бардорад то барои саввумин бор ба мақоми нахусти мусобиқоти қаҳрамонии ҷавонони Осиё даст ёбад.

Тими аввал то саввуми ин мусобиқот, ки ба тартиб Эрон, Ҷопон ва Кореяи ҷанубӣ ҳастанд, муҷаввизи ҳузур дар Ҷоми ҷаҳонии Мисрро ба даст оварданд.

Барчасп