Ноябр 12, 2023 13:15 Asia/Dushanbe
  • Даъвати раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон аз валиаҳди саъудӣ барои сафар ба Эрон
    Даъвати раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон аз валиаҳди саъудӣ барои сафар ба Эрон

Сафири Эрон дар Риёз аз даъвати раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон аз валиаҳди Арабистони Саъудӣ барои сафар ба Теҳрон хабар дод.

Ба гузориши ИРНА, Алиризо Иноятӣ сафири Эрон дар Арабистони шанбешаб дар шабакаи иҷтимоӣ экс навишт: Сайид Иброҳӣми Раисӣ раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ҳошияи иҷлоси созмони ҳамкории исломӣ дар Риёз бо Амир Муҳамад бин Салмон валиаҳд ва раиси ҳайати вазирони Арабистони дидор ва гуфтугу кард.

Ба навиштаи сафири Эрон дар Арабистони Саъудӣ  раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар дидор бо валиаҳди Арабистон аз у барои сафар ба Эрон даъват кард.

Сайид Иброҳими Раисӣ раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар идомаи талошҳои Ҷумҳурии исломии Эрон барои таваққуфи фаврии таҷовузоти режими саҳюнистӣ, рафъи муҳосира ва оғози имдодрасонӣ ба мардуми мазлуми Фаластин дар борикаи Ғазза рузи шанбе барои ширкат дар ҷаласаи изтирории сарони созмони ҳамкории исломӣ бо истиқболи ҷамъӣ аз мақомоти арабистонӣ, сафир ва аъзои сифорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ин кишвар ворид Риёз шуд.

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон пас аз бозгашти сафари як рӯза ба Арабистон дар ҷамъи хабарнигорон дар Теҳрон бо баёни ин ки Ҷумҳурии Исломии Эрони назари сариҳ дар хусус Фаластин дорад таъкид кард Эрон аз ибтидо режими саҳюнистиро режими ғосиб эълом карда аст.

Барчасп