Ноябр 15, 2023 18:15 Asia/Dushanbe
  • Талошҳои идомадори Амирабдуллоҳиён барои ҳимоят аз мардуми Ғазза
    Талошҳои идомадори Амирабдуллоҳиён барои ҳимоят аз мардуми Ғазза

Вазири умури хориҷаи Эрон гуфт, Амрико барои ирсоли кумакҳои башардӯстонаи Амрико бештар жест гирифтааст.

Ба гузориши ИРНА, Ҳусайни Амирабдуллоҳиён, вазири умури хориҷаи Эрон, ки ба Женева сафар кардааст, рӯзи чаҳоршанбе дар ҷамъи хабарнигорон бо баёни ин ки ҳадаф аз ин сафар пайгирии ирсоли кумакҳои башардӯстона барои мардуми Ғазза ва дидорҳое бо мақомоти Созмони Милал ва Салиби Сурхи Ҷаҳонӣ аст, гуфт: Амрико ҳама гуна силоҳ, аз ҷумла силоҳҳои фосфориву мамнуаро аз тамоми пойгоҳҳои худ дар саросари минтақа ба ТелАвив ирсол мекунад ва дар муқобил барои ирсоли кумакҳои башардӯстона ба Ғазза жести башардӯстона гирифтааст ва дар амал иттифоқи муҳиме рух намедиҳад.

Амирабдуллоҳиён гуфт, бар асоси иддаои воҳии вазири хориҷаи Амрико мабнӣ бар ирсоли рӯзона 500 камюн ба борикаи Ғазза, аммо бо пайгириҳое, ки ба амал омада, рӯзона 25 ё ҳаддиаксар 40 камюн вориди Ғазза мешавад, ки се чаҳорум об бӯдаву фоқиди дору, ғизо ва соири ниёзҳои асосии мардуми Ғазза аст.

Вазири умури хориҷаи Эрон бо ишора ба эъломи омодагии Ҳамос барои озодии фаврии ғайринизомиён гуфт, тарафи исроилӣ то кунун шароитеро, ки битавонад ба озодии ин асирон суръат бибахшадро напазируфтааст ва талош дорад, ки ба ин баҳона ҷанг, куштор ва наслкуширо дар Ғазза идома диҳад.

Сафари вазири умури хориҷаи Эрон ба Швейтсария дар ростои талошҳои мустамари Амирабдуллоҳиён барои ҳимоят аз мардуми Ғазза ва таваққуфи куштори мардуми бегуноҳу занону кӯдакони ин минтақа аз сӯи режими саҳюнистӣ анҷом шудааст.

 

Барчасп