Ноябр 18, 2023 17:40 Asia/Dushanbe
  • Эрониҳо якпорча зидди ҷиноёти Исроил бархестанд + акс

Мардуми Эрони исломӣ дар сартосари кишвар дар ростои маҳкӯмияти "кӯдаккушӣ", "ҷиноят", "наслкушӣ", "қатли ом", " террор", "ҷинояти ҷангӣ" ва "фоҷеъаи инсонӣ" дар Борикаи Ғазза, бо баргузории роҳпаймоии бошукӯҳ, аз кӯдакони мазлӯми Фаластин ҳимоят карданд.

Мардуми Эрони исломӣ дар сартосари кишвар бо баргузории роҳпаймоӣ, зимни изҳори ҳамдардӣ бо модарони шуҳадои Ғазза ва ибрози хашму асабоният аз хабосати режими саҳюнистӣ, аз маҷомеъи ҷаҳонӣ қатъи одамкушии режими манҳуси Исроилу расидагии ҷиддӣ ба мардуми осебдидаи Фаластин дар Борикаи Ғаззаро хостор шуданд.

Мардуми шаҳрҳо ва рӯстоҳои саросари Эрон имрӯз бар таваққуфи фаврии ҷиноёти режими саҳюнистӣ таъкид карданд.

Мардуми мусулмони Эрон бо сар додани шиорҳое зидди режими Исроил, бомбаборони бемористонҳо ва куштори бераҳмонаи кӯдакони фаластинӣ дар Борикаи Ғаззаро маҳкӯм карданд.

Неруҳои муқовимати Фаластини ҳафтуми октябри 2023 амалиёти ғофилгиркунандае бо номи "Тӯфони Ал Ақсо"-ро аз Борикаи Ғазза зидди мавозеъи режими ишғолгари Қудс оғоз карданд ва ин режим барои талофӣ ва ҷуброни шикасти худу таваққуфи амалиёти гуруҳҳои муқовимат, бо кумаки Амрико ва аксари кишварҳои ғарбӣ иқдом ба бомбаборони марокизи дармонӣ ва манозили маскӯнии Борикаи Ғазза карда, ки ҳамчунон идома дорад.

Image Caption
Image Caption
Image Caption
Image Caption

Дар натиҷаи ҳамалоти артиши режими саҳюнистӣ ба Борикаи Ғазза то кунун ҳудӯди 12 ҳазор фаластинӣ шаҳид ва беш аз 29 ҳазор нафари ҳам маҷрӯҳ шудаанд, ки бинобар бар эъломи вазорати беҳдошти Фаластин бештари маҷрӯҳон кӯдак ва зан ҳастанд.

 

Барчасп