Тими миллии голболи Эрон қаҳрамони Осиё шуд
Тими миллии голболи Эрон ба мақоми нахусти рақобатҳои қаҳрамонии Осиё даст ёфту ҷавози ҳузур дар бозиҳои паралимпии 2024 Порисро касб кард.
Дидори ниҳоии мусобиқоти голболи қаҳрамонии Осиё - Уқёнуси Ором субҳи рӯзи шанбе ба мизбонии шаҳри Ҳонгжоу дар кишвари Чин баргузор шуду тими миллии Эрон дар масоф бо Кореяи Ҷанӯбӣ муваффақ шуд, ин ҳарифро 9 бар 3 шикаст диҳаду зимни болои бурдани ҷоми қаҳрамонӣ, саҳмияи ҳузур дар бозиҳои паралимпии 2024-и Порисро касб кунад.
Тими Эрон дар масири суӯд ба финоли тимҳои Кореяи Ҷанубӣ, Қазоқистон, Муғулистон, Покистону Таиландро мағлӯб карда буд.
Мутобиқи эъломи вебсайти расмии олимпии Порис, маросими ифтитоҳияи ин мусобиқот рӯзи ҷумъа (26 июли 2024) баргузор мешавад.