Маҳкӯмияти ширкати ҳоландӣ барои пардохти ғаромат ба 5 ҷонбози шимиёии эронӣ
(last modified Sat, 18 Nov 2023 14:26:29 GMT )
Ноябр 18, 2023 19:26 Asia/Dushanbe
  • Маҳкӯмияти ширкати ҳоландӣ барои пардохти ғаромат ба 5 ҷонбози шимиёии эронӣ

Бо раъйи Девони кайфарии байналмилалӣ, ширкати ҳоландӣ барои пардохти ғаромат ба 5 ҷонбози шимиёии эронӣ маҳкӯм шуд.

Бар асоси раъйи Девони кайфарии байналмилалӣ (ICC) дар шаҳри Гаагаи Ҳоланд, ширкати ҳоландии "FORAFINA" дар хусӯси фурӯши маводи аввалия барои сохти таслеҳоти шимиёӣ ба режими баъсии Ироқ дар замони ҷанги таҳмилӣ ба пардохти ғаромат ба ҷонбозони шимиёии эронӣ маҳкӯм шуд.

Режими баъсии Ироқ, дар тӯли ҷанги таҳмилӣ беш аз се ҳазор тон анвоъи таслеҳоти мамнӯъаи шимиёиро алайҳи размандагону ғайринизомиёни эронӣ бакор гирифт, ки боиси шаҳиду масдӯм шудани ҳазорон нафар шуд.

Дар замони ҳозир беш аз 65 ҳазор нафар масдӯми шимиёӣ дар кишвар шиносоӣ шудаанд, ки ба дармону муроқибатҳои пизишкӣ, ниёзи мудовим доранд.

Корбурди силоҳҳои шимиёӣ бар асоси протоколи 1925 Женев мамнӯъ буда ва Эрон, бузургтарин қурбонии силоҳҳои шимиёӣ дар ҷаҳон аз Ҷанги ҷаҳонии аввал токунӯн аст.

Пас аз иртикоби ин ҷинояти ҷангии режими баъси Ироқ, Конвенсияи манъи густариш, тавлид, анбошту бакоргирии силоҳҳои шимиёӣ ва инҳидоми онҳо дар соли 1993 имзо ва аз соли 1997 лозимиулиҷро ва Ҷумҳурии Исломии Эрон низ соли 1997 ба он мулҳақ шудааст.