Ноябр 22, 2023 14:18 Asia/Dushanbe
  • Варзишкорон бо Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ дидор карданд

Медаловарони бозиҳои осиёӣ ва параосиёии Ҳонгжоу ҷамъе аз варзишкорон, қаҳрамонон, пешкисватон ва фаъолони арсаҳои варзишӣ бо ҳазрати оятуллоҳи Хоманаӣ, раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ дидор карданд.

Машрӯҳи ин хабар пас аз дарёфт аз пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ мутаъоқибан мунташир мешавад.

Корвони Эрон дар бозиҳои осиёӣ бо касби 13 медоли тилло, 21 нуқра ва 20 брунз ба мақоми ҳафтум расид.

Ҳамчунин корвони Эрон дар бозиҳои параосиёӣ бо касби 44 медоли тилло , 46 нуқра ва 41 брунз ба мақоми ноибқаҳрамонӣ даст ёфт ва дувум шуд.

 

Барчасп