Ноябр 24, 2023 20:20 Asia/Dushanbe
  • Аббоси Ҳоҷи Канорӣ, сармураббии эронии тими миллии куштии озоди Тоҷикистон
    Аббоси Ҳоҷи Канорӣ, сармураббии эронии тими миллии куштии озоди Тоҷикистон

Сармураббии эронии тими миллии куштии озоди Тоҷикистон таъкид кард, федератсияи ин кишвар хоҳони идомаи ҳамкорӣ бо ӯст, аммо ширкати нафт бо мурраххасии бидуни ҳуқуқаш мувофиқат накардааст.

Дорандаи ду нишони тилло ва нуқраи солҳои 1997 ва 1998 дар бораи идомаи ҳамкориаш бо Федератсияи куштии Тоҷикистон хотирнишон кард, тоҷикҳо мехоҳанд корро идомаи диҳем ва хеле ҳам розӣ ҳастанд. Онҳо пешниҳод доданд то олимпии Порис қарордод бибандем, чун аз коре ки дар радаҳои поя ва ҳамчунин мусобиқоти ҷаҳонии Белград анҷом додем, хеле розӣ буданд, аммо масъалаи шуғлиам то инҷои кор монеъ шудааст.

Аббоси Ҳоҷи Канорӣ афзуд: Ман 10 сол аст истихдоми ширкати нафти миллии Эрон ҳастам ва барои идомаи ҳамкорӣ бо тоҷикҳо дархости мурраххасии бидуни ҳуқуқ (бидуни маош) додаам, аммо бо он мувофиқат нашудааст, дар ҳоле ки ин як иттифоқи хуб барои ман ва куштӣ аст, ки онҷо масъулият дошта бошаму кори содироти мураббӣ анҷом диҳем.

 

Барчасп