Ноябр 27, 2023 13:27 Asia/Dushanbe
  • Раисӣ: Ҳаргуна дахолати Амрико дар умури Ғазза, маҳкум ба шикаст аст
    Раисӣ: Ҳаргуна дахолати Амрико дар умури Ғазза, маҳкум ба шикаст аст

Сайид Иброҳими Раисӣ, раисиҷумҳӯри Эрон гуфт: Мардуми Ғазза ба воситаи Ҳамос ба унвони давлати машрӯъ, қонунӣ ва баромада аз орои умуии минтақа, бояд барои ояндаи Ғазза тасмим бигиранд ва Амрико ҳаққи ҳеҷгуна дахолат ва тасмимгирӣ барои Ғаззаро надорад ва ҳаргуна иқдоми онҳо дар ин замина маҳкум ба шикаст аст.

Ба гузориши Садои Хуросон ба нақл аз Исно, Сайид Иброҳими Раисӣ,якшанбе шаб дар гуфтугӯи телефонӣ бо Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисиҷмҳӯри Туркия, равобити дукишварро дӯстона, таърихӣ ва мабни бар ҳусни ҳамҷаворӣ, арзишҳои динӣ ва манофеъи муштараки дукишвара тавсиф кард ва тақвият ва иртиқои сатҳи ҳамкориҳо ва муносиботи Теҳрон -  Анкараро дар абъоди сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ ҳоизи аҳамият донист.

Раисӣ, Эрон ва Туркияро дукишвари муҳим ва асаргузор дар ҷаҳони Ислом баршумурд ва ибрози умедвори кард, ки ҳамкориҳои муштараки дукишвар улгуе аз таъомулот миёни кишварҳои исломӣ бошад.

Вай дар бахши дигаре аз ин гуфтугӯи телелфонӣ бо таъкид бар ин, ки Амрико қотили мардуми Ғазза аст, ҳаргуна дахолати амрикоиҳо нисбат ба оянҳдаи Ғаззаро идомаи ҷиноёти ин кившар дар ҳаққи фаластиниён тавсиф кард. Раисӣ бо ишора ба ҳамдастӣ ва мубоширати амрикоиҳо дар ҷиноёти ҳулноки режими саҳюнистӣ ва қатли оми мардуми Ғазза, бар расвоӣ ва бе эътибории давлати Амрико назди афкори умуми миллатҳо таъкид карда ва гуфт:

Мардуми Ғазза ба воситаи Ҳамос ба унвони давлати машрӯъ,  қонунӣ ва баромда аз орои умуми ин минтақа, бояд барои ояндаи Ғазза тасмим бигиранд ва амрикоиҳо ҳаққи ҳеҷгуна дахолат ва тасмимгирӣ барои мардуми Ғаззаро надоранд ва ҳаргуна иқдоми онҳо дар ин замина маҳкум ба шикаст аст.

Раҷаб Тайиб Эрдуғон раисиҷумҳӯри Туркия низ дар ин гуфтугӯи телелфонӣ бо ишора ба равобити хуб ва созандаи Теҳрон-Анкара барои талош барои иртиқои ин равобит ба сатҳи мумтоз ва истисноӣ таъкид кард. Вай ҳамчунин бар омодагии кишвараш барои баргузории нишасти Шӯрои олии ҳамкори миёни дукишвар таъкид кард.

Барчасп