Раисӣ режими саҳюнистӣ бо ҳимояти Амрико ба ҷиноят дар Ғазза идома медиҳад
(last modified Sun, 03 Dec 2023 05:37:36 GMT )
Декабр 03, 2023 10:37 Asia/Dushanbe
  • Раисӣ режими саҳюнистӣ бо ҳимояти Амрико ба ҷиноят дар Ғазза идома медиҳад
    Раисӣ режими саҳюнистӣ бо ҳимояти Амрико ба ҷиноят дар Ғазза идома медиҳад

Сайид Иброҳими Раисӣ раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт: Режими саҳюнистӣ бо ҳимояти Амрико ба ҷиноят ва наслкуши дар Ғазза идома медиҳад.

Ба гузориши ИРНА, Сайид Иброҳими Раисӣ шанбешаб дар посух ба тамоси телефонии Фумио Кисида нахуствазири Ҷопон гуфт: Режими саҳюнистӣ бо ҳимоятҳои мустақими Амрико ва бо зерипо гузоштани беш аз 400 қатъномаи байналмиллалӣ аз ибтидои ҷанги Ғазза то кунун муодили ҳафт бомби атом дар миқёси Ҳирушимо бар сари мардуми Ғазза бомб рехта ва ин дар ҳоли аст, ки амрикоиҳо вақиҳона кишварҳои дигарро дар хештандори дар қиболи ин ҷиноятҳо даъват мекунанд то режими дуруғини саҳюнистӣ бо хиёли роҳат ба ҷиноятҳо ва наслкушии худ идома ди ҳад.

Раисӣ дар ин росто пешниҳод кард, ки кишварҳои мухталиф аз ҷумла Ҷопон метавонанд бо баргузории ҳамапурси аз мардуми худ мизони ҳимоят аз ҳақи миллати Фаластинро ба чашми худ мушоҳида кунанд ҳарчанд кишварҳои ғарби аз баргузории чунин ҳамапурси ба шиддат воҳима доранд.

Нахуствазири Ҷопон низ дар ин гуфтугуи телефони зимни тақдир аз мавозеъи Раисӣ нисбат ба таҳаввулоти Ғазза бо ибрози нигарони аз вуқуъи буҳрони инсонӣ дар ин минтақа бар зарурати талош барои таваққуфи ҳамалот ба ғайринизомиён ва ирсоли кумакҳои башардустона ба мардуми Ғазза таъкид кард.

Фумио Кисида нахуствазири Ҷопон ҳамчунин равобити Эрон ва Ҷопонро дустона ва торихии тавсиф ва алоқамандии кишвараш барои рушди равобит бо Ҷумҳурии Исломии Эрон дар бахшҳои мухталифро иброз кард.