Декабр 04, 2023 13:04 Asia/Dushanbe
  • Истиқболи расмии Раисӣ аз раисиҷумҳӯри Кубо
    Истиқболи расмии Раисӣ аз раисиҷумҳӯри Кубо

Раисиҷумҳурии Исломии Эрон ، ба сурати расмӣ аз раисиҷумҳӯри Кубо истиқбол кард .

"Сайид Иброҳими Раисӣ" раисиҷумҳурии Эрон, имрӯз ( душанбе ) дар маҷмӯъаи фарҳангӣ_таърихии Саъдобод аз раисиҷумҳӯри Кубо ба сурати расмӣ истиқбол кард.

Ба гузориши Ирно,раисиҷумҳӯри Кубо бомдоди душанбе бо истиқболи Баҳром Айнуллоҳӣ вазири беҳдошт, дармон ва  омӯзишӣ пизишкӣ ва  раиси Камиссиюни муштараки ҳамкориҳои Эрон ва  Кубо вориди фурудгоҳи Меҳрободи Теҳрон шуд.

Раисиҷумҳӯри Кубо ба даъвати расмии раисиҷумҳурии Исломии Эрон. ва пас аз 22 сол аз охирин сафари раисиҷумҳӯри фақиди ин кишвар дар садри ҳайати олирутбаи сиёсӣ ва  иқтисодӣ ба Теҳрон сафар кардааст.

Пас аз маросими истиқболи расмӣ ва  муъарифаи ҳайатҳои ҳамроҳ, мулоқоти хусӯсии руасоӣ ду кишвар, нишасти муштараки ҳайатҳои олирутба ва  маросими имзои аснод ва  тафоҳумномаҳҳои ҳамкорӣ баргузор мешавад ва сипас ду раисиҷумҳӯр дар нишасти матбуотии муштараки натоиҷ ва дастовардҳои ройзаниҳои фимобайнро ташреҳ хоҳанд кард.

Miguel Díaz-Canel дар ҷараёни ин сафар иловабар дидори расмӣ бо Раисӣ дидорҳое низ бо бархе мақомоти олирутбаи кишвар хоҳад дошт ва аз намоишгоҳи тавонмандиҳо ва охирин дастовардҳои фанноваронаи Ҷумҳурии Исломии Эрон ва низ иниститути  Постор, ки дар арсаҳои пизишкӣ ва  дорӯӣ бо Кубо ҳамкорӣ дорад, боздид хоҳад кард.

Бештар бихонед: