Эрон ҳамалоти террористӣ дар Бағдод ва Истамбулро маҳкум кард
(last modified Sun, 01 Jan 2017 10:08:57 GMT )
Январ 01, 2017 15:08 Asia/Dushanbe
  • Эрон ҳамалоти террористӣ дар Бағдод ва Истамбулро маҳкум кард

Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон, таркишҳо дар Бағдод ва ҳамлаи мусаллаҳона ба мардум дар Истамбули Туркияро маҳкум кард.

Ба гузориши Идораи кулли дипломосии расонаии вазорати умури хориҷаи Эрон, Баҳроми Қосимӣ зимни ибрози ҳамдардӣ бо давлат ва миллати Ироқу Туркия ва бозмондагони ин ҳамалоти террористӣ, гуфт, истифодаи абзорӣ аз хушунат, тероризм ва ба коргирии стандартҳои дугона дар муқобили он, боис шудааст, то ин балои хонумонсӯзи ҷаҳонӣ, ки ҳамаи марзҳои ҷуғрофиёӣ, сиёсӣ, ахлоқӣ ва мазҳабиро дарнавардида, ҳамчунон ба ҳаёти нангини худ идома диҳад.

Қосимӣ танҳо роҳи муқобила бо падидаи терроризмро иҷмоъ ва иттиҳоди ҳамаи кишварҳо, алайҳи хушунат ва терор донист ва ибрози умедворӣ кард, бо ҳушёрӣ ва азми росихи ҳамаи давлатҳо ва миллатҳо, соли ҷадид, соли ҷаҳоне бидуни терроризм ва хушунат бошад.

Шанбешаб, дар шаби соли нави мелодӣ (2017) се муҳоҷими мусаллаҳ пас аз вуруд ба яке аз бошгоҳҳои шабона дар Истамбули Туркия шурӯъ ба тирандозӣ карданд, ки бар асари он, 39 нафар аз ҷумла як пулис кушта ва 64 нафари дигар захмӣ шуданд.

Бағдод -пойтахти Ироқ ҳам рӯзи шанбе шоҳиди чанд инфиҷори террористӣ буд, ки бар асари он дастикам 28 нафар кушта ва 54 нафар захмӣ шуданд.

Гурӯҳи террористии ДИИШ масъулияти ду инфиҷори террористӣ дар Бағдодро бар ӯҳда гирифтааст.