Маҳкумияти ҳамлаи террористӣ дар Истанбул аз сӯйи Cафорати Эрон
Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Туркия ҳамлаи террористӣ ба мардуми Истамбулро маҳкум кард.
Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо, Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Туркия рӯзи якшанбе бо ибрози ҳамдардӣ бо давлат ва миллати Туркия, ба вижа бозмондагони ҳамлаи террористии ахир дар Истамбул эълом кард, мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ, беш аз гузашта ба ҳамкорӣ ва иттиҳод миёни кишварҳои минтақа ва ҷомеаи ҷаҳонӣ ниёзманд аст.
Сафорати Эрон дар Туркия таъкид кард, бояд бо густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ, ҷаҳони орӣ аз терроризм ва хушунат эҷод кард.
Сафорати Эрон дар Туркия ҳамчунин дар бораи вазъияти ҳузури эрониёни осебдида дар ҳамлаи террористии Истамбул таъкид кард, масъулони ин сафоратхона ва сарконсулгари Эрон дар Истамбул дар ҳоли иртибот бо масъулони зирабти Туркия барои дарёфти ҷузиёти ин ҳамла ҳастанд.
Дар ҳамлаи мусаллаҳонаи шанбешаб ба як маркази тафреҳӣ дар Истамбул 39 нафар ҷони худро аз даст дода ва 65 нафар захмӣ шуданд.