Декабр 10, 2023 21:21 Asia/Dushanbe
  • Зарфияти Эрон барои табдил шудан ба қутби гардишгарии тибби эронӣ

Мудири кулли дафтари тибби эронӣ ва мукаммили вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкӣ таъкид кард, Эрон зарфияти табдил шудан ба қутби гардишгарии тиби эрониро дорад.

Нафиса Ҳусайнии Якто, мудири кулли дафтари тибби эронӣ ва мукаммили вазорати беҳдошт, дармону омӯзиши пизишкӣ бо ишора ба зарфиятҳои Эрон дар ҳавзаи гардишгарии саломат мубтанӣ бар тиби эронӣ гуфт, тиби эронӣ мактабе ҷомеъ ва комил аст, ки ба ҳамаи абъоди саломати инсон таваҷҷуҳ дораду асоси ин мактаб бар пояи пешгирӣ аз бемориҳо ва иртиқои саломати афрод ва дар марҳалаи охир дармон аст ва дар ҳавзаҳои мухталифи гардишгарӣ ҳарф барои гуфтан дорад.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симо, Ҳусайнии Якто афзуд, бо иқдомоту барномаҳои дафтари тиби эронӣ дар ҳавзаи гардишгарӣ ва тибби эронӣ метавон интизор дошт, ки Эрон дар ояндаи наздик ба қутби гардишгарии саломат мубтанӣ бар тибҳои суннатӣ ва мукаммил табдил шавад.

Вай ҳамчунин гуфт, Эрон илова бар доштани як мактаби тибби суннатии ғанӣ ва решадор, дорои 11 иқлим аз 13 иқлими шинохта шудаи ҷаҳонӣ ва беш аз 2000 гиёҳи доруӣ аст, ин шароит фурсати муносиберо барои тавсеаи гардишгарии саломат мубтанӣ бар тиби эронӣ фароҳам кардааст.

 

Барчасп