Декабр 15, 2023 17:46 Asia/Dushanbe
  • Роҳёбии бонувони эронӣ ба финали рақобатҳои қаиқронии қаҳрамонии Осиё

Бонувони эронӣ дар рақобатҳои қаиқронии дунафараи ҷавонони қаҳрамонии Осиё ба марҳилаи ниҳоӣ роҳ ёфтанд.

Ба гузориши Хабаргузории садо ва симо, Овино Бахшоӣ ва Маҳно Ҳоҷиҳусайнӣ аз Эрон дар қаиқронии дунафараи қаҳрамонии зери 23 Осиё дар Таиланд, дар гуруҳи аввали муқаддамотӣ ба масофи намояндагони Корея, Таиланд, Ҳонг Конг ва Чин рафтанд ва дар поён дар ҷойгоҳи дувум қарор гирифтанд ва ба марҳалаи ниҳоӣ роҳ ёфтанд.

Дар ин рақобат намояндагони Чину Корея ба тартиб аввал ва сеюм шуданд. Марҳилаи ниҳоии ин бахш рӯзи душанбе баргузор хоҳад шуд.

 

Барчасп