Декабр 16, 2023 18:52 Asia/Dushanbe
  • Медали тиллои дунафараи қаиқронии қаҳрамонии Осиё барои бонувони Эрон

Тими ду нафараи қаиқронии бонувони Эрон дар мусобиқоти зери 23 соли қаҳрамонии Осиё ба медали тилло расиданд.

Кимиё Зореъӣ ва Фотимаи Муҷаллал имрӯз (шанбе) медоли тиллои қаиқронии дунафараи сангинвазни зери 23 соли Осиёро касб карданд.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симо, мусобиқоти қаиқронии қаҳрамонии зери 23 солу ҷавонони Осиё имрӯз дар Таиланд дар ҳоли баргузорист.

Дар идомаи ин рақобатҳо Кимиёи Зореъӣ ва Фотимаи Муҷаллал дар қаиқронии дунафараи сангинвазни зери 23 сол дар финоли “A” ба масофи намояндагони Ҳонконг, Қазоқистону Ветнам рафтанд ва дар поён дар ҷойгоҳи нахуст қарор гирифтанду соҳиби медоли тилло шуданд .

Дар ин мода намояндагони Ветнаму Қазоқистон ба тартиб дувум ва сеюм шуданд.

Ин мусобиқот бо рақобати намояндагони Эрон дар Паттайеи Таиланд идома дорад.

 

Барчасп