Аввалин тамоси телефонии раисони ҷумҳурии Эрон ва Миср
Муовини сиёсии дафтари раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон аз тамоси телефонии руасои ҷумҳурии Эрону Миср хабар дод.
Ба гузориши ИРНА, Муҳаммади Ҷамшедӣ, муовини сиёсии дафтари раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, дар аввалин тамоси телефонии руасои ҷумҳурии Эрону Миср, Саидиброҳими Раисӣ, давраи ҷадиди раёсатҷумҳурии Абдулфаттоҳ Ал Сисӣ дар Мисрро табрик гуфт.
Ҷамшедӣ афзуд, руасои ҷумҳури Эрону Миср ҳамчунин дар бораи охирин таҳаввулоти Фаластину аҳаммияти ваҳдати исломӣ гуфтугӯ карданд.
Абдулфаттоҳ Ал Сисӣ, раисиҷумҳури кунӯнии Миср пас аз касби болотарин оро дар интихоботи раёсатҷумҳурии ин кишвар, барои сеюмин бор ба унвони раисиҷумҳури Миср интихоб шуд.
Мардуми Миср якшанбеи 10 декабри 2023 барои интихоби раисиҷумҳури ин кишвар барои як давраи 6 сола ба пои сандӯқҳои раъй рафтанд.
Ал Сисӣ дар солҳои 2014 ва 2018 ба унвони раисиҷумҳури Миср интихоб шуда буд.
Давраи раёсатҷумҳурӣ дар Миср 6 сол аст ва дар соли 2019 аз 4 сол ба 6 сол тағйир ёфт.