Раисӣ: Эрон ба тамоми зерсохтҳои иқтисодии Осиё ва минтақа пайванд шудааст
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт: Эрон ба тамоми зерсохтҳои иқтисодии Осиё ва минтақа пайванд шудааст.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон бо баёни инки ҳаққонияти мусаллами Эрон бар тамоми дунё ошкор шудааст, тасреҳ кард: Душман дар ҳеҷ як аз ду проекти мунзавӣ кардани Ҷумҳурии Исломии Эрон ва ноумед кардани мардум муваффақ нашуд; Ин мавзӯъ барои ҳамаи мардум дунё ошкор шудааст.
Мавзеъи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар қиболи масъалаи Фаластин ва таваққуфи ҷиноёти режими саҳюнистӣ дар борикаи Ғазза мавзӯъи дигаре буд, ки Сайид Иброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар сездаҳумин иҷлосияи ҷомеаи мударрисини ҳавзаи илмияи Қум ба он пардохт; Ҷиноёте, ки аз ҳафтуми октябри 2023 мӯҷиби шаҳодати беш аз 21 ҳазор нафар аз мардуми бегуноҳ Фаластин, ки бештари онҳо занон, кӯдакон ва ғайринизомиён ҳастанд, шудааст.
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон бо ташреҳи мавозеъи Эрон дар нишасти сарони кишварҳои исломӣ ва араб дар Риёз перомуни инки масъалаи Фаластин, масъалаи аввали ҷаҳони Ислом аст ва ҳақ бо Фаластин аст, хотирнишон кард: Имрӯз дунё ба сухани Раҳбари муаззами инқилоб, ки фармуданд Исроил ғуддаи саратонӣ аст, расидааст; Яъне ҳаққонияти мавзеъи Ҷумҳурии Исломии Эрон бар тамоми дунё кашф шудааст ва кудаккушии режими саҳюнистӣ, ниқобро аз чеҳраи нифоқ канор зад ва бар ҳама ошкор кард, ки саҳюнистҳо ва ҳомиёни онҳо чӣ қадар ҷинояткор ва зидди ҳуқуқи инсон ҳастанд. вале талош мекунанд ба зоҳир худро тарафдори ҳуқуқи инсон вонамуд кунанд