Декабр 28, 2023 18:42 Asia/Dushanbe
  • Эъломи радабандии Иттиҳодияи ҷаҳонии куштӣ; Садрнишинии чаҳор намояндаи Эрон

Дар тозатарин радабандии эъломшудаи Иттиҳодияи ҷаҳонӣ дар куштии озод, Амирҳусайни Зореъ ва дар куштии фарангӣ, Алиризо Муҳаммадӣ, Муҳаммадризо Соравӣ ва Амини Мирзозода дар садр қарор гирифтанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, бар асоси эъломи Иттиҳодияи ҷаҳонии куштӣ, дар бахши куштии озод Амирҳусайни Зореъ дар вазни 125 килограмм танҳо намояндаи Эрон аст, ки дар радаи аввали ҷаҳонӣ қарор дорад.

Дар бахши куштии фарангӣ, се куштигири Эрон дар садри рутбаи ҷаҳонӣ қарор доранд. Алиризо Муҳаммадӣ дар вазни 82 килограмм, Муҳаммадризо Соравӣ дар вазни 97 килограмм ва Амини Мирзозода дар вазни 130 килограмм дар садри бартарин куштигирони ҷаҳон қарор доранд.

 

 

 

Барчасп