Декабр 30, 2023 20:07 Asia/Dushanbe
  • Гузориши Иттиҳодияи ҷаҳонӣ аз қудратнамоии Амирҳусайни Зореъ

Иттиҳодияи ҷаҳонии гуштин, бо интишори гузорише аз муваффақиятҳои миллипӯши эронии вазни 125 килои гуштини озод дар соли 2023 тамҷид кардааст.

Сафҳаи Иснтаграми Иттиҳодияи ҷаҳонии гуштин ба таҷзия ва таҳлили Амирҳусайни Зореъ дар соли 2023 пардохтааст, ки дар он ин гуштигир тавонист бидуни шикаст ба пирӯзӣ бирасад.

Дар ин гузориш ҳамчунин ба касби нишони тиллои рақобатҳои ҷаҳонии Белград, бозиҳои Осиёии Ҳонгжоу унвони қаҳрамонии вай дар мусобиқоти рейтингии Загреб ишора кардааст.

Дар гузориши ин иттиҳодия мехонем, Зореъ дар 13 рақобати мусобиқаи соли 2023 бидуни шикаст буда ва 62 дарсади имтиёзҳои худро дар ин пайкорҳо бо текники зергирӣ ба даст овардааст.

Бино ба таҳлили ин иттиҳодия подшоҳи гуштини ҷаҳон 115 имтиёзро бо хок кардани ҳарифон бар рӯйи тушак бадаст овардааст.

Image Caption

Зореъ, яке аз муддаиёни вазни 125 килограм барои нишони тиллои 2024 олимпии Порис аст ва дар ин роҳ рақобати сахте бо руқабои дохилӣ ва хориҷии худ хоҳад дошт.

Мусобиқоти гуштии озод ва фарангии қаҳрамонии соли 2023 ҷаҳон, дар Белград баргузор шуд.

Иттиҳодияи ҷаҳонии гуштин пас аз ин рақобатҳо дар феҳристе ба муаррифии озодкорони бартар дар ҷаҳонӣ пардохт, ки номи Амирҳусайни Зореъ дар вазни 125 килограм танҳо намояндаи Эрон дар ин мусобиқот, дар ин феҳрист бачашм мехӯрад.

Зореъ бо шикасти Тоҳо Окгули турк дар марҳалаи ниманиҳоӣ ва пирӯзӣ дар финол баробари Гено Петриашвили гурҷистонӣ ба медоли тилло расид.

 

Барчасп