Январ 02, 2024 12:34 Asia/Dushanbe
  • Оғози содироти риёлии Эрон ба Ироқ ва Афғонистон

Раиси кулли Банки марказии Ҷумҳурии Исломии Эрон аз оғози содироти риёлии Эрон ба Ироқ ва Афғонистон хабар дод.

Ҷумҳурии Исломии Эрон барои муқобила бо таҳримҳо истифода аз арзи миллӣ дар мубодилоти тиҷорӣ бо дигар кишварҳоро дар авлавияти барномаҳои иқтисодии худ қарор додааст.

 Чин, Ҳинд, Русия ва Туркия низ аз ҷумлаи кишварҳое ҳастанд, ки тарҳи истифода аз арзи миллӣ дар мубодилоти тиҷорӣ бо дигар кишварҳоро анҷом медиҳанд.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон,Муҳаммадризо Фарзин-раиси кулли Банки марказии Эрон рӯзи душанбе гуфт: Тарҳи риёли бурунмарзӣ ё оффшор (offshore) моҳҳои зиёде аст, ки дар Банки марказӣ дар ҳоли баррасӣ аст ва бо иҷроӣ шудани он дархости содиркунандагон барои содироти риёлӣ ба Афғонистон ё Ироқ ҳал мешавад ва метавонанд бо риёли бурунмарзӣ рафъи тааҳҳудот кунанд.

 Фарзин афзуд: Ин мавзӯъ яке аз дархостҳои тоҷирони машҳадӣ барои содирот ба Афғонистон буд, ки бо иҷроӣ шудани тарҳи риёли офшор посух дода шуда ва тоҷирон метавонанд ба ҷойи арзи хориҷӣ барои содирот аз риёли бурунмарзӣ баҳра гиранд.

 Раиси кулли Банки марказии Эрон ҳамчунин гуфт : Муқаррароти тарҳи риёли бурунмарзӣ дар Банки марказӣ тадвин шуда ва то кунун як ё ду банк иҷрои ин тарҳро оғоз кардаанд ва ба зудӣ дар кулли банкҳои кишвар амалиётӣ хоҳад шуд.

 

 

 

Барчасп